Гуруҳе аз фаъолони тоҷик дар як маъракаи хайриявӣ ба 170 оилаи паноҳандагони афғон кӯмак расонданд. Онҳо мегӯянд, дар ҷамъоварии кӯмак созмони ҷамъиятии "Пешрафт" ва Хадамоти тибии Бунёди Оғохон ёрӣ расонидаанд. Бо зери назари Толибон гузаштани аксар қаламравҳои Афғонистон дар моҳи август, гуруҳе аз шаҳрвандони ин кишвар маҷбур шуданд ба Тоҷикистон фирор кунанд.
“Интизор надоштам, ки одамони зиёд кӯмак мекунанд”
Кӯмак ба афғонистониҳое, ки ба Тоҷикистон фирор карданд, баъди даъвати як фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъоварӣ шуд. Ниёза Айнӣ, ки дар саҳифаи фейсбукиаш хотироташро аз ҳамкорӣ бо мардуми Афғонистон навишта, хоҳиши кӯмак ба онҳоро кард, бовар надошт, ки ин чанд сатр таваҷҷуҳи садҳо нафарро ҷалб мекунад.
"Дар аввал фикр доштам, ки ба як ва ё ду оила метавонам кӯмак кунам. Аммо зери навиштаам одамони зиёде омодагии худро изҳор доштанд. Ба ман занг мезаданд ва мепурсиданд, ки чӣ гуна бо ҳам вохӯрем ва масъалаи кӯмакро баррасӣ кунем. Баъдан мо дар бораи ҷамъоварии кӯмак ба паноҳандаҳои афғон эълон додем," - гуфт Ниёза Айнӣ.
Ба навиштаи масъулини созмони "Пешрафт", ба хонаводаи паноҳандагони афғон хӯрокворӣ, доруворӣ ва барои фарзандонашон дафтару қалам ва дигар ҷиҳози таҳсил тақдим карданд. Ризокорони созмони "Пешрафт" ба хотири таъмини шаффофият, аксу наворҳои молу ашёеро, ки ба оилаҳои паноҳандагон тақдим карданд, нашр кардаанд.
Ниёза Айнӣ мегӯяд, ҷараёни ҷамъоварӣ ва тақсими маблағҳо дар ҳамкорӣ бо ҳуқуқшиносон ва созмонҳои ҳуқуқӣ роҳандозӣ шуд.
Ба гуфтаи ӯ, "чанд вохӯрӣ гузаронидем ва онҳо ба мо рӯйхати паноҳандагони осебпазирро пешниҳод карданд. Миёни онҳо оилаҳое буданд, ки чанд сол қабл инҷо омада, аммо зиндагии хубе надоштанд ва ҳам оилаҳое, ки чанд моҳ қабл ба кишвар гуреза шуданд."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Кӯмак барои паноҳандагон хеле муҳим аст”
Даъват ба кӯмаки паноҳандаҳои афғон аз сӯйи корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд садо медиҳад. Дар пайи ҳодисаҳои ахир дар Афғонистон даҳҳо сокини ин кишвар ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Қисме аз онҳо дар хонаҳои иҷораву меҳмонхона ва қисми дигар дар хаймаҳо зиндагӣ доранд.
Ниёза Айнӣ, фаъоли тоҷик мегӯяд, паноҳандаҳо ҳоло ба ҳамагуна кӯмак ниёз доранд ва мешавад чунин маъракаҳое мисли ҷамъоварии кӯмак ба гурезаҳои афғонро идома дод.
"Коре ки мо кардем, албатта кофӣ нест. Ин кӯмакҳо барояшон хеле муҳим аст. Модоме, ки чунин кор аз дасти мо омад ва мо ба ин кори хайр сазмонҳо ва ҳатто нафарони берун аз кишварро ҷалб карда тавонистем, дигарон ҳам метавонанд,” - гуфт ӯ.
Шумори паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор нафар гуфта мешавад. Бо тасарруфи манотиқи Афғонистон аз сӯи Толибон, чандин оилаи дигари афғон маҷбур шуданд ба Тоҷикистон фирор кунанд. Шумори дақиқи онҳо маълум нест. Теъдоде аз гурезаҳои афғон пушти марзҳои Тоҷикистон истодаанд ва мехоҳанд вориди кишвар шаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Тоҷикистон роҳ надод, Толибон таҳдид карданд." Вазъи паноҳҷӯёни афғон дар марзи Ишкошим. ВИДЕОДар Хирманҷо барои паноҳандагони афғон урдугоҳ месозанд"Тоҷикистон ба занону кӯдакони афғон роҳ дод, мардонро пас гардонд"160 ҳазор еврои ИА ба 5 ҳазор фирориёни афғон дар Тоҷикистон