Писари молики бозори "Султони Кабир" аз зиндон раҳо шуд

Дар ин садама ду нафар ба ҳалокат расида буданд

Кабир Кабиров, писари Аваз Кабиров-молики бозори “Султони Кабир” аз зиндон озод шудааст. Ӯро соли 2019 баъди як садамаи нақлиётӣ ба 10 соли зиндон маҳкум карда буданд. Дар он садама ду нафар ба ҳалокат расида буданд.

Яке аз наздикони Кабиров Кабиров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писари молики бозори «Султони Кабир»-ро миёнаҳои моҳи сентябр бар асоси қонуни афв озод карданд. Ӯ дар маҳбаси ноҳияи Ёвон давраи ҷазоро паси сар мекард.

Ҷузъиёти бештари раҳоии Кабир Кабиров дар даст нест. Адвокат Бахтиёр Салимов, ки дар додгоҳ аз ҳуқуқҳои Кабир Кабиров ҳимоя мекард, дар сӯҳбати кутоҳ ба Радоиои Озодӣ гуфт, аз раҳоии зерҳимояаш хабар надорад.

Садама бо ширкати Кабир Кабиров моҳи марти соли 2019 дар хиёбони марказии Душанбе рух дод. Дар он ҳодиса ду нафар аз ҳамроҳонаш – Саидҷаъфар Саидов ва Некзод Саҳобиддинзода (ҳарду 19-сола) ҷон бохтанд.

Мақомоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар лаҳзаҳои аввали баъди садама гуфтанд, Кабир Кабиров “бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, аввал ба девори бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанӣ бархӯрдааст”. Вале худи Кабиров ва наздиконаш дар ин бора суҳбат накарданд ва мавқеи онҳо маълум нест.

Миҷгона Маҳсиддинова, модари Некзод Саҳобиддинзода, яке аз қурбониёни садама, рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "фикр намекунам, ӯ пас аз раҳои аз зиндон ислоҳ мешавад. Ӯро ба Худо ва виҷдонашон месупорам.»

Падари Кабир, Аваз Кабиров пас аз анҷоми ҷанги дохилӣ дар кишвар ба тиҷорат машғул шуд ва соли 2002 "Султони Кабир" - бозори бузурги молу колои саноатӣ ва сохтмониро дар Душанбе фаъол кард. Ӯ як бозорро бо чунин ном дар ноҳияи Восеъ сохтааст.

Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомоти тоҷик ва афроди шинохтаву сарватманд рух додааст. Мунтақидон онҳоро барои суистифода аз мақому нодида гирифтани қонунҳо муттаҳам мекунанд. Бархеи дигар мегӯянд, ки садама тасодуфист ва аз кӣ чикора будани одам вобаста нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Додгоҳ ҳукми Кабир Кабировро тайғир дод ва 10 сол зиндонӣ кардМуҳокимаи дигарбораи Кабир Кабиров, писари раиси "Султони Кабир"Баҳси "сархуш будан ё набудан" дар парвандаи Кабир КабировПисари раиси "Султони Кабир"-ро дигарбора муҳокима мекунанд. ВИДЕОПисари молики "Султони Кабир"-ро аз нав муҳокима мекунандПисари молики "Султони Кабир" ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум шудПарвандаи писари молики бозори "Султони Кабир" ба додгоҳ рафт