Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо додситони кулли Русия масъалаҳои истирдоду расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Игор Краснов рӯзи 30-юми сентябр бо сафари дурӯза ба Душанбе рафт.
Дар хабари расмии вебсайти президенти Тоҷикистон омадааст, ки ду ҷониб "паҳлуҳои мухталифи ҳамкориро дар самти таъмини амният дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, кибер-ҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки бо таҳмили идеологияҳои гуногуни динии радикалӣ дар ҷомеа алоқаманданд, баррасӣ карданд". Дар робита бо Афғонистон дар ин мулоқот "масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир муҳокима гардидааст". Ҷузъиёти бештари гуфтугӯҳо нашр намешавад. Дар хабари расмӣ инчунин гуфта шудааст, ки дар ин мулоқот инчунин "ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои истирдод ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар баррасӣ гардид".
Дирӯз Краснов ҳамчунин бо ҳамтои тоҷики худ Юсуф Раҳмон низ гуфтугӯ дошт. Додситони кулли Русия дар мулоқот зикр кардааст, ки ноамниҳо дар Афғонистон "таҳдидҳои ҷиддиро ба бор овард, ки ба тамоми минтақаи Авруосиё таъсир мегузорад". Ӯ аз ҷумла ба он таъкид доштааст, ки барои ҷилавгирӣ аз вуруди эҳтимолии террористону ифротиҳо зери ниқоби паноҳанҷӯён ба кишварҳои ИДМ ба таври муштарак талош кард.
Русия макони аслии кору даромади садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад ва бар асоси созишномаҳои дуҷониба ва бар асоси дархости Душанбе даҳҳо афроди гумонбар дар ҷиноят, гоҳо фаъолони сиёсиву мунаққидони ҳукумати Тоҷикистон аз Русия истирдод ва дар баробари додгоҳҳои ватанашон ҳозир мешаванд.