Ҳомии ҳуқуқи боздоштшудаи муҳоҷирон дар Русия Валентина Чупик, ки эҳтимоли ихроҷаш ба Узбекистон вуҷуд дорад, аз Украина дархости паноҳандагӣ кардааст. Дар ин бора ёвари ӯ Александр Ким ба бахши русиягии Радиои Озодӣ хабар дод.
Раиси 48-солаи созмони "Тонг ҷаҳони" ("Субҳи ҷаҳон") ҳангоми бозгашт аз Арманистон дар фурудгоҳ дастгир шуд. Ба ӯ санаде додаанд, ки бар асоси он аз мақоми паноҳанда дар Русия маҳрум гардида, давоми 30 соли оянда ҳақ надорад, ба Русия ворид шавад. Эҳтимол ӯро ба Узбекистон мефиристанд, ҷое, ки соли 2006 баъди фишору азиятҳои мақомоти қудратии ҳукумати Ислом Каримов фирор карда буд.
Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳе қарор дорад, ки дар онҷо шаҳрвандони хориҷиро барои ихроҷ нигаҳ медоранд.
Ким хабар дод, ки намояндагони консулгарии Узбекистон 30 сентябр ба боздоштгоҳ рафта, Чупикро барои санадҳои ихроҷшавӣ акс гирифтаанд.
Валентина Чупик, шаҳрванди Узбекистон буда, як сол пеш дар Русия санади паноҳандагиро ба даст оварда буд. Ҳоло ҳамкорон ва ҳампешагони ӯ нигаронанд, ки имкон дорад мақомоти Русия ӯро ба Узбекистон истирдод кунанд ва ӯ дар ин кишвар мавриди озору азияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавад.