Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон мардеро боздошт карданд, ки 23 сол боз бо гумони даст доштан дар ҳамлаҳои террористии 16-уми феврал ва 30-юми марти соли 1999 дар шаҳри Тошканд ҷустуҷӯ мешуд.
Бино ба хабари Хадамот, Ю.Ж., сокини 52-солаи вилояти Тошканд, ки ба узвият дар Ҳаракати мамнӯи исломии Туркистон гумонбар мешавад, дар хориҷ аз Узбекистон боздошт ва ба ватан оварда шудааст. Вале хадамот нагуфтааст, ӯро дар кадом кишвар дастгир карданд.
Ин сокини вилояти Тошканд гуё соли 1998 ба Чеченистон рафта, дар урдугоҳи таъсисдодаи шаҳрванди Урдун, Амир Хаттоб, омодагии ҷангӣ дида, сипас ба сафи Ҳаракати мамнӯи исломии Туркистон пайвастааст.
"Ӯ моҳи январи соли 1999 бо фармони раҳбари ҳаракат ба Тошканд меравад ва хонаҳои одамони дороро ғорат карда, ба раҳбари Ҳаракати мамнӯи исломии Туркистон дар Афғонистон мефиристад", - омадааст дар иттилоияи Хадамоти амнияти Узбекистон.