Гуруҳи "Толибон", ки баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз ташкили "Аморати исломӣ" хабар дод, "барои бартараф кардани таҳдидҳои амниятӣ ва хатарҳои дигар" ба вилояти Тахор нерӯҳои вижаи худро фиристодааст. Тахор бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Мақомоти тоҷик ин хабарро "воҳима" медонанд, вале ҳамзамон мегӯянд, "талошҳои гуруҳҳои ифротиро дар он сӯи сарҳад назорат доранд".
Темур Умаров, мушовири илмии Маркази Карнегии Маскав ва коршинос дар масоили Осиёи Марказӣ, дар барномаи "Азия" (Осиё)-и телевизиони "Настоящее Время" гуфт, ки воқеан ба Тоҷикистон чӣ таҳдид мекунад ва гуфтугӯ бо "Толибон" дар шаҳри Душанбе то куҷо имконпазир аст.
НВ: Шахси севум дар ҳукумати "Толибон" ба Тоҷикистон барои дахолат кардан дар умури дохилии Афғонистон таҳдид кард. Вале дақиқ нагуфт, ки Душанбеи расмӣ чи гуна дахолат мекунад. Ба назари Шумо, кадом амалкардҳои Тоҷикистон ба "Толибон" писанд намеояд?
Темур Умаров: Ба "Толибон" ин писанд нест, ки Душанбе то ҳол бо он ҳатто тамоси ғайрирасмӣ барқарор накардааст. Тоҷикистон ба фарқ аз ҳамаи кишварҳои дигар ва Осиёи Марказӣ бар мавқеъе истодагарӣ дорад, ки ба эътироф накардани "Аморати исломӣ"-и "Толибон" ва мубориза барои ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар Афғонистон равона шудааст. Вале бояд гуфт, ки ин мавқеъгириҳо танҳо дар суханпардозиҳои расмӣ маҳдуд шуда, ҷониби Тоҷикистон дар амал даст ба иқдоми ҷиддие намезанад. Тавре мебинем, марз бастааст ва Тоҷикистон муҳоҷирони афғон, аз ҷумла намояндагони ақаллиятҳои миллии он кишварро ба қаламрави худ роҳ доданӣ нест. Тоҷикистон ба нерӯҳои муқовимат низ кумаки воқеие намерасонад ва танҳо аз ҳисоби суханпардозиҳои бамавриду дуруст барои худ холи сиёсӣ “кор мекунад”.
НВ: Чанде пеш президенти Тоҷикистон ва сарвазири Покистон дар бораи имкони баргузор шудани гуфтугӯ миёни "Толибон" ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Душанбе суҳбат доштанд. Оё ин гуфтугӯ имкон дорад?
Темур Умаров: Ин аз он вобастааст, ки дигарон, пеш аз ҳама бозигарони бонуфузтари минтақа, кадом мавқеъро пеш хоҳанд гирифт. Зеро тавре Шумо медонед, Тоҷикистон худ ба худ ҳеч масъалаеро ҳал карда наметавонад ва дар минтақа низ чандон нуфузи зиёд надорад. Бинобар ин Эмомалӣ Раҳмон аввалан, албатта, ба далели омилҳои дохилӣ ин мавқеи ҷолибро дар баробари “Толибон” пеш гирифт. Чун ҳамаи мо дар гузоришҳо мебинем, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар умум нисбат ба мушкилот ва буҳрони Афғонистон чӣ гуна бархӯрд мекунанд.
Гуфтугӯи видеоӣ бо забони русӣ:
Аз тарафи дигар Эмомалӣ Раҳмон бо ин роҳ мехоҳад, ҷойгоҳеро гирад, ки то ҳол касе нагирифтааст. Барои намуна, Узбекистон нақши ҷонибдор ва пуштибони асосии ҳамкории фаъол бо “Толибон”-ро бар зимма гирифт ва кишварҳои дигар низ дар баробари гуруҳ тақрибан мавқеи ҳамсон доранд. Ягон кишваре вуҷуд надорад, ки мухолифи ин гуруҳ ва ҳомии хубиҳо дар Афғонистон бошад. Эмомалӣ Раҳмон низ, ки медонад дар сурати пеш омадани вазъи ғайричашмдошт Русия Тоҷикистонро танҳо намегузорад, мехоҳад, низ ин нақшро таҷриба кунад.
НВ: Тоҷикистон бояд аз “Толибон” чӣ интизориҳо дошта бошад? Оё ҷангҷӯён ва гуруҳҳои маргталаби “Толибон” ворид хоҳанд шуд? Умуман, ҷамъшавии даҳҳо ҳазор толиб дар Тахор то куҷо хатарнок аст? Ва ё ба назари Шумо, ин танҳо як намоиши нерӯ аст?
Темур Умаров: Ман фикр мекунам, ин як таҳдид ё найранги “толибонӣ” аст. Зеро президенти Тоҷикистон чизи нав ё ғайриодиеро нагуфтааст. Ҳамаи кишварҳо, ҳамаи раҳбарони давлатҳо “Толибон”-ро ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо риояи ҳақуқи ақаллиятҳои миллӣ даъват мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон низ чизи дигареро нагуфтааст.
Вале набудани тамоси мақомоти Тоҷикистон бо “Толибон” дар пасманзари дӯстии ҳамаи кишварҳои боқӣ ин гуруҳи террористиро зери фишор қарор додааст. Бахусус “толибҳо”-еро, ки ҷонибдори чораҳои тундтар ҳастанд. Ба назари ман, маҳз онҳо ҳоло талош доранд, ба президент Раҳмон “фаҳмонанд”, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд чӣ гуна бошад. Рӯзҳои наздик хоҳем дид, ки Тоҷикистон ба ин чӣ гуна вокуниш мекунад: Эмомалӣ Раҳмон мавқеи худро дар баробари “Толибон” нармтар хоҳад кард ё бозии сахтро идома медиҳад?