Марзбонони Тоҷикистон "боздошту омодабош" дар марзи Қирғизистонро рад карданд

Қаблан мақомоти Қирғизистон дар сарҳад бо Тоҷикистон посгоҳҳои иловагӣ ташкил карда буданд

Бино ба гузоришҳо, Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 26-уми сентябр нерӯҳояшро дар сарҳад бо Тоҷикистон ба ҳолати омодабош даровардааст. Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора расман чизе намегӯяд, хабаргузории русии ТАСС аз қавли мақомоти Қирғизистон ҳадафро "пешгирӣ аз авҷ гирифтани муноқишаҳо" дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд номид.

Ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳаммарз аст ва моҳи апрели имсол саҳнаи муноқишаи ҷонибҳо буд.

Хабаргузории русии ТАСС тасмими охири Бишкекро ба боздошт ва раҳоии ду мактабхони қирғиз дар рӯзи 23-юми сентябр пайванд додааст.

Идораи марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иддаои боздошт шудани ду сокини 16-солаи Қирғизистонро "аз тарафи шахсони ношинос дар Тоҷикистон" рад кард.

Як манбаъ дар Идораи марзбонии Суғд рӯзи 27-уми сентябр гуфт, "ду хонандаи мактаб ҳангоми аз "Мерседес Спринтер" фаровардани ангур дар маҳаллаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи маъмурони амниятӣ барои пурсиш бурда шуданд, на ин ки дастгир шуданд. Маъмурони амниятӣ мехостанд, соҳибони бор ва мошинро маълум кунанд, ки то ҳоло дақиқ нашудааст."

"Мо мехостем, наврасонро ба хонаашон фиристем ва дертар ба намояндагони мақомоти Қириғизистон супурдем. Вазъият ҳоло ҳам дар тарафи мо ва ҳам дар тарафи ҳамсоя комилан ором аст", -- афзуд ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш фош шавад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон дар иддаои тоза гуфтанд, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 26-уми сентябр сокини деҳаи Жаштики ноҳияи Лайлаки Қирғизистон Урозбек Мирзоевро дастгир кардаанд.

Бино ба хабари Хадамоти марзбонии Қирғизистон, шаҳрванди 26-солаи ин кишвар ҳамроҳи ҳамсараш, ки ӯ ҳам қирғизистонӣ аст, ҳангоми сафар ба як деҳаи Тоҷикистон дар мусофирбари масири "Хуҷанд - Конибодом" боздошт шудааст. Манбаъ 27-уми сентябр хабар дод, ки пас аз мулоқоти раҳбарони идораҳои марзбонии вилоятҳои Бодканди Қирғизистону Суғди Тоҷикистон “сокини ноҳияи Лайлак озод карда шуд".

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими об, муноқиша сар мезанад.
Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.