Таалатбек Масодиқов, муовини раиси Шӯрои амният ва Ҷеенбек Кулубоев, раиси бахши сиёсати хориҷии ҳукумати Қирғизистон, барои музокирот бо "Толибон" ба Кобул рафтаанд. Ин гуруҳ дар нимаи моҳи августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи "Толибон", рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ду мансабдори баландпояи Қирғизистон бо сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон", Амирхон Муттақӣ, мулоқот карданд.
Мақомоти Қирғизистон ҳанӯз хабарро шарҳ надодаанд.
Муҷоҳид мегӯяд, Муттақӣ аз намояндагони Қирғизистон "пазироӣ карда, ба зарурати идомаи ҳамкорӣ ва ёриҳо" таъкид намуд. Сухангӯи "Толибон" акси лаҳзаи мулоқотро низ дар Твитттер гузошт.
Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки ҷомеаи байнулмилалӣ дар эътирофи ин гурӯҳи тундрав ба ҳайси ҳокими Афғонистон дар дуроҳа аст. Дар айни замон, Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумати "Толибон", рӯзи 21-уми сентябр дар Кобул бо намояндагони Русия, Чин ва Покистон мулоқот кард.
Аввали ҳафтаи ҷорӣ президенти Узбекистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк гуфт, ин кишвари Осиёи Марказӣ интиқоли нафту барқро ба Афғонистон аз сар гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои Осиёи Марказии ҳаммарз бо Афғонистон аз таҳдидҳои амниятӣ ва эҳтимоли омадани даҳҳо ҳазор гуреза аз Афғонистон дар ташвиш ҳастанд. "Толибон" кӯшиш дорад, итминон диҳад, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳеч таҳдид надорад.