Чанде аз сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар Исфара хабар доданд, ки як гуруҳ аз бошандагони деҳаи Куктоши Қирғизистон рӯзи 23-юми сентябр кӯдакони тоҷикро "ҳангоми бозгашт аз мактаб бо санг задаанд". Ҳокими вилояти Бодканд ҳодсиро "занозании байни хонандагони мактаб" номидааст.
Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ба камияш ду нафар дар бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ шудаанд, вале сабаби сангзанӣ маълум нест. Ҷониби Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани чаҳор хонандаи қирғиз хабар додааст.
Масъулони идораи марзбонии Тоҷикистон расман дар ин бора иттилоъ надодаанд.
Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, рӯзи 23-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони Қирғизистонро аз ҳодиса огоҳ карданд.
"Кӯдакон пас аз адои дарс аз мактаби рақами 64 бармегаштанд. Онҳоро чанд сокини деҳаи Куктоши вилояти Бодканд, ки бо деҳаи Сомониён наздик аст, бе ҳеч сабаб задаанд. Ҳоло ҳодисаро таҳқиқ дорем", -- афзуд ӯ, вале аз ин бештар тафсилот надод.
Як сокини деҳаи Сомониён бе зикри ном гуфт, як гуруҳ аз сокинони деҳаи Куктоши Қирғизистон як марду занро ҳам задаанд.
Дар ҳамин ҳол, як масъули ҳукумати шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса пас аз зуҳри 23-юми сентябр рӯй дод. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин ҳодиса ду кас захмӣ шуда, дар бемористони марказии Исфара бистарӣ ҳастанд.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, "захмиён як марди 45-сола ва як ноболиғ ҳастанд. Бинӣ ва дандонҳои мард шикаста, аз сараш ҷароҳат бардоштааст. Писар аз сараш захмдор шудааст."
Деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар баҳори имсол яке аз маконҳои низоъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон буд. Дар он ҳодиса хонаи чандин сокини деҳа сӯхтаву вайрон шудааст.
Ҳокими вилояти Бодканд, Учкун Жоробоев, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, занозанӣ дар деҳаи Куктош рӯй додааст. "Мувофиқи маълумоти пешакӣ, чаҳор хонандаи синфи 8-уми мактаби Қирғизистон аз ҷониби хонандагони синфи ёздаҳи Тоҷикистон латукӯб шудаанд", -- афзудааст ӯ.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими об, муноқиша сар мезанад.
Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.