Ҳомиёни ҳуқуқи башар гуфтанд, ки "Толибон" дар вилояти Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, ба таври "густурда" ва "ҷиддӣ" ҳуқуқи занону духтаронро поймол кардаанд.
Аз замони ба дасти "Толибон" гузаштани Ҳирот дар рӯзи 12-уми август, ҷангҷӯёни гурӯҳ дар байни занону духтарон тарсу ҳаросро ба вуҷуд овардаанд.
"Толибон" фаъолияти занонро маҳдуд карда, онҳоро ба пӯшидани либосҳои мавриди хосташон маҷбур мекунанд. Онҳо ҳамчунин имкони кор ва таҳсилро аз занон гирифта, иҷозат намедиҳанд, ки даст ба эътирозҳои осоишта бизананд.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) ва Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи башар рӯзи 23-юми сентябр гуфтанд, тариқи телефон бо шуморе аз занон дар Ҳирот, аз ҷумла фаъолон, муаллимон, донишҷӯёни донишгоҳҳо дар бораи таҷрибаҳояшон баъди дар ихтиёри "Толибон" қарор гирифтани ин шаҳр суҳбатҳо доштанд.
Ин ду созмон гуфтанд, ин занон аз тарс ва ба хотири амнияташон нахостанд, номашон фош шавад. Ба гуфтаи занон, пас аз контроли Ҳирот аз сӯи "Толибон", зиндагии онҳо ба таври пурра тағйир ёфт ва худро дар дохили хона дар банд мебинанд.