"Толибон" қотилон ва қочоқчиёни мухаддирро озод карданд: додситонҳои пешин дар ташвишанд

Ҷангҷӯёни "Толибон" дар даромадгоҳи масҷиди Вазир Акбархон дар Кобул, 17-уми сентябри соли 2021

Додситонҳое, ки дар ҳукумати пешини Афғонистон фаъолият мекарданд, мегӯянд, онҳоро ҷинояткороне таҳдид мекунанд, ки дар давраи ҳукумати пешин зиндонӣ шуда буданд.

Ин таҳдидҳо замоне оғоз шуданд, ки ҷангҷӯёни "Толибон" ҳангоми ғасби Афғонистон дар моҳи августи имсол ҳамаи зиндониҳоро раҳо карданд.

Ҳумоюн, як додситон аз вилояти Ҳилманд солҳои дароз ҷиноятҳои вазнинро таҳқиқ мекард. Дар Ҳилманд маводи мухаддир парвариш ва коркард мешуд. Ҳумонюн касонеро таъқиб мекард, ки ба тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон машғул буданд.

Акнун додситони пешин мегӯяд, ҷинояткороне ӯро таҳдид мекунанд, ки вай барои зиндонӣ шуданашон талош карда буд. Ба гуфтаи додситони пешин, ҷинояткорон ҷуброни ҷаримаҳои пардохта ва амволи аз сӯи давлат мусодирашудаашонро талаб доранд.

Додситонҳои пешин аз саросари Афғонистон ҳодисаҳои ба ин монандро нақл мекунанд.

Бисёрии аз зиндониҳое, ки аз сӯи ҷангҷӯёни "Толибон" озод шуданд, аъзои "Толибон" ва ё узви гуруҳҳои дигар, амсоли "Давлати исломӣ" ва "Таҳрики Толибони Покистон" буданд.

Аммо ҷинояткорони дигар низ "ба шарафи талошҳо"-и "Толибон" аз зиндон раҳо шуданд.

Вакилони мудофеъ хабар доданд, ки ҷинояткорони раҳошуда бо ҳадафи қасосоҷӯӣ ҳадди ақал ба 3 додситони пешин ҳамла ва онҳоро қатл кардаанд.