Тибқи ахбори расида, рӯзи 21-юми сентябр гурӯҳи аввалини зиндониёни афвшуда аз маҳбаси шаҳри Ёвон ба озодӣ баромаданд. Манбаъҳои Радиои Озодӣ аз мақомоти интизомӣ ва ҳукумати ноҳияи Ёвон бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки шумори озодшудаҳо аз ин зиндон 605 нафар мебошанд. Ба қавли шоҳидон, рӯзи гузашта аз маҳбаси шаҳри Бохтар низ теъдоде аз зиндониён раҳо гардиданд. Дар Хатлон чор муассисаи ислоҳӣ фаъолият мекунад ва интизор меравад, ки аз ҳамаи ин зиндонҳо миқдори муайяни маҳбусон тиқби қонуни афв озод мегарданд. Парлумон қонуни афвро рӯзи 6-уми сентябр қабул кард ва бар асоси он қарор аст 16 ҳазор нафар афв шаванд. Аз ин шумор беш аз 10 ҳазор нафарашон аз зиндону боздоштгоҳҳои Тоҷикистон озод гардида муҳлати ҷазои қариб 6 ҳазор каси дигарро кам мекунанд. Афви имсолаи зиндониҳо ба 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудааст.