Гуруҳе аз донишҷӯёни тоҷик бо умеди боз шудани роҳашон ба Қирғизистон рӯзи 20-уми сентябр дар назди сафорати ин кишвар дар Душанбе ҷамъ шуданд. Онҳо мегӯянд, аз як сӯ марз бастааст ва аз тарафи дигар аз рӯйи ихтисоси худ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон роҳ наёфтаанд. Қирғизистон моҳи майи имсол, пас аз даргирии хунин, марзашро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.
"Агар наравем, моро меронанд"
Машрафи Муҳаммадюсуф донишҷӯи соли 5-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Қирғизистон аст. Вай баҳори имсол ба Тоҷикистон омад, вале акнун наметавонад, ба макони таҳсилаш баргардад. Машраф мегӯяд, барои додхоҳӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муроҷиат кард, вале мушкилаш ҳал нашуд.
"Дар сафорати Қирғизистон ҳам посухи рӯшан надоданд. Агар мо рафта натавонем, бо баҳонаи иштирок накардан дар дарс, аз донишгоҳ меронанд. Ҳар сол 12-13 ҳазор сомонӣ дода, таҳсил кардем. Ду соли дигар мондааст. Агар тезтар наравем, ҳам пуламон месӯзад, ҳам чаҳор соли хондаамон барбод меравад," -- гуфт ин донишҷӯ рӯзи 20-уми сентябр.
Сафир: "Хабар надорам". Бишкек ҷавоб дод
Ба камияш ҳафт донишҷӯи дигар дар назди сафорати Қирғизистон ба мо гуфтанд, айни ҳамин мушкилро доранд. Вале ин донишҷӯёни тоҷик гуфтанд, дар сафорати Қирғизистон ҳам "ба дарди худ даво" ёфта натавонистанд.
Намояндагони сафорат аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Дар ҳоле ки мо бо донишҷӯён дар наздикиии сафорат суҳбат кардем, Ҷениш Рустенбеков, сафири Қирғизистон дар Душанбе, дар тамоси телефонӣ гуфт, аз шикояти донишҷӯён хабар надорад.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Вазорати маорифи Қирғизистон гуфтанд, тарҳи қарореро дар бораи имкони бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба ин кишвар омода кардаанд. Вазорат 20-уми сентябр дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳоли ҳозир ин тарҳ барои мувофиқа ба ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон фиристода шудааст. Аз ин тасмим ҷониби Тоҷикистонро барвақт огоҳ карда будем."
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ба донишгоҳи тиббӣ рафтем, гуфтанд, ҷой нест"
Мушкили донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон моҳи май ва баъд аз муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон оғоз шуд. Пас аз як моҳи муноқиша, мақомоти Қирғизистон яктарафа марзи худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста, ҳеч кас аз ҷумла донишҷӯён натавонистанд, вориди он кишвар шаванд.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон моҳи июл ваъда дод, ки донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии Қирғизистон таҳсил мекунанд, ба донишгоҳҳои кишвар хоҳанд овард. Донишҷӯён мегӯянд, бо баъзе сабабҳо наметавонанд, дар Тоҷикистон таҳсилро давом диҳанд.
Донишҷӯ Машрафи Муҳаммадюсуф гуфт: "Ба Донишгоҳи тиббӣ рафтем, қабул накарда, гуфтанд, ҷой аллакай пур шудааст. Дар Донишгоҳи тиббии Данғара 32-33 нафар дохил шуданд, гуфтанд, ки студент пур шудааст, мо қабул карда наметавонем."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қирғизистон ба даҳҳо донишҷӯйи тоҷик иҷозаи вуруд надодаастАбубакр Раҷабов, донишҷӯи дигари бандмонда, гуфт, пешниҳоди таҳсил дар донишкадаи навтаъсиси тиббии иҷтимоиро напазируфт. "Чунки дар соли 4-уми донишгоҳ мехондам. Ба донишкадаи тиббии иҷтимоӣ рафтем, мегӯянд, инҷо 2-3 курс аст. Намедонем, чӣ кор кунем? Ҳатто агар дар ҳамин донишкадаи тиббии иҷтимоӣ таҳсил кунем, маълумоти олии нопурра мегирем. Ҳол он ки мо дар Қирғизистон дар донишгоҳ мехондем ва бояд маълумоти олии тиббӣ мегирифтем", -- бо шикоят гуфт Абубакр Раҷабов.
Бештари донишҷӯёне, ки бо мо ҳамсуҳбат шуданд, дар давраҳои охири донишгоҳҳои тиббии Қирғизистон таҳсил мекунанд. Ҳамаи онҳо ба монанди Абубакр Раҷабов ҳоло як хоҳиш доранд, ки "ҳарчи зудтар роҳ боз шавад". Дар шароите, ки ҳанӯз маълум нест, Қирғизистон кай марзҳои худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон мекушояд, иҷрои хоҳиши донишҷӯён ҳам номаълум мемонад.
Тибқи омори мақомоти Қирғизистон, дар соли хониши 2020-2021 дар он кишвар тақрибан 2 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекарданд. Шумораи донишҷӯёни қирғиз дар Тоҷикистон 105 нафар будааст.