Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба даҳҳо донишҷӯйи тоҷик иҷозаи вуруд надодааст


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Беш аз 100 донишҷӯйи тоҷики донишгоҳҳои Қирғизистон, ки ҳоло дар кишвар ҳастанд, бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор, иҷозаи даромадан ба Бишкекро нагирифтаанд. Ин гуруҳи донишҷӯён қаблан пешниҳоди Вазорати маорифро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон қабул накарда, мехостанд, таҳсилашонро дар Қирғизистон давом диҳанд. Қирғизистон моҳи майи имсол якҷониба марзашро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.

“Ба марз рафтам, “не” гуфтанд”

Муҳаммадюсуф, донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи славянӣ дар Бишкек, ки натавонист вориди Қирғизистон шавад. Ӯ пеш аз оғози соли нави таҳсил ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафт, аммо сарҳадбонони қирғиз барояш иҷозаи вуруд надоданд.

Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон барояш таҳсил дар донишгоҳеро доданд, вале бо далели комилан дигар будани ихтисос аз қабули он худдорӣ кард. “Ба ман пешниҳод карданд, ки дар донишгоҳи навтаъсиси иҷтимоӣ бихонам. Ман дандонпизишкӣ мехондам, вале ин ҷо тамоман ба дигар ихтисос гуфтанд. Агар ба Донишгоҳи ба номи Абуалӣ Сино дохил мекарданд, мехондам”, -- нақл кард ӯ рӯзи 19-уми сентябр.

Муҳаммадюсуф мегӯяд, 62 донишҷӯйи тоҷик, ки дар бахши тиб дар Қирғизистон мехонданд, имкон ёфтанд, дар Донишгоҳи тиббии ба номи Сино таҳсил кунанд. Вале ба дигарон чунин имкон фароҳам нашуд.

Мақомот мегӯянд, “муроҷиат кардем, посух нагирифтем”

Фариза, донишҷӯйи дигари Донишгоҳи славянии Бишкек, ки ҳоло дар Русия қарор дорад, мегӯяд, пас аз чор соли таҳсил нахост, дар донишгоҳи дигаре таҳсилашро идома диҳад.

Вай гуфт, комилан ба онҳо иҷозаи рафтан ба Бишкек дода нашуд: “Мо, донишҷӯён, ҷанг наандохтем дар он ҳам иштирок накардем. Чӣ гуноҳ дорем, ки иҷозат намедиҳанд, дар он кишвар таҳсил кунем? Намедонам, ояндаи таҳсили ман чӣ мешавад. Бояд мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон масъаларо ҳал кунанд.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баста будани марз мушкили онҳо нест ва борҳо ба мақомоти Қирғизистон барои роҳ додани донишҷӯён муроҷиат карда буданд. Як манбаъ дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ба мақомоти қирғиз муроҷиат карданд, аммо онҳо бе ягон далел посух надоданд.

Қирғизистон 29-уми майи соли гузашта, як моҳ пас аз муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, марзро якҷониба баст.

“Ҳар касе “тағо” дошт...”

Абубакр, донишҷӯи дигари тоҷик гуфт, аз Донишгоҳи тиббии Бишкек барояш даъватнома фиристоданд, аммо тариқи даъватнома низ убури марзро иҷозат надоданд.

“Ҳар касе “тағо” дошт, дар Тоҷикистон дар донишгоҳи муносиб таҳсилашро давом дод, лекин ба мо донишгоҳҳое пешниҳод шуд, ки ба зинаи таҳсилотамон мувофиқ нест”, -- гила кард ӯ.

Иддае аз донишҷӯёни собиқи донишгоҳҳои Қирғизистон гуфтанд, ки ҳоло таҳсилро дар ватан оғоз кардаанд ва зарурате барои бозгашт ба кишвари ҳамсояро надоранд.

Фирӯз, донишҷӯйи собиқ дар Қирғизистон, ки ҳоло дар Донишгоҳи технологии Душанбе таҳсил мекунад, гуфт, “вақтҳои охир Бишкек хатарнок шуда буд. Агар иҷоза ҳам медоданд, намерафтам. Чун он ҷо барои донишҷӯёни тоҷик дигар амн нест. Мо моҳи май ба як азобу сахтӣ ба ватан баргаштем. Ҳар рӯз таҳқиру таҳдид мешудем.”

Вазорати маорифи Қирғизистон охири моҳи июл гуфта буд, аз моҳи апрели имсол ба ин тараф аз ягон донишҷӯйи тоҷики мактабҳои олии ин кишвар дар бораи таҳдид ва ё таъқиб шудан шикоят нагирифтааст.

Баста будани марз ба кӣ чӣ таъсир кард?

Пештар мақомоти қирғиз гуфта буданд, то мушкили марзӣ ҳал нашавад, роҳҳои Қирғизистон баста хоҳад монд. Абдувалӣ Мирзоев, донишҷӯи собиқи Академияи САҲА дар Бишкек, мегӯяд, мақомоти қирғиз бастани марзро як фишори бузург медонистанд, вале ин як иштибоҳ буд.

Ӯ гуфт: “Ним соли гузашта нишон дод, ки ин бетаъсир аст. Баста будани марзи Қирғизистон ба як теъдоди хеле ками шаҳрвандони мо, онҳое, ки дар марз зиндагӣ мекарданд ва тиҷорат доштанд, донишҷӯён ва як қисм қочоқбарони молу маҳсулот, ки миқдорашон зиёд нест, таъсир дошт. Садҳо шаҳрванди мо, ки аз ҳудуди ин кишвар ба дигар давлатҳо парвоз мекарданд, ҳоло ин корро тариқи Узбекистон мекунанд.”

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон моҳи июл дар нишасти матбуотиаш ваъда дода буд, донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии Қирғизистон таҳсил мекунанд, ба донишгоҳҳои кишвар хоҳанд овард. Пештар вазорат аз донишҷӯёни тоҷику қирғиз, ки дар кишварҳои ҳамдигар таҳсил мекунанд, хоста буд, ба овозаҳо дода нашаванд ва ба таҳсил идома диҳанд.

Мушкили донишҷӯёни тоҷик пас аз он оғоз шуд, ки рӯзи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша рӯй дод. Дар он муноқиша аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд.

Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд. Маълум нест, муҳокимаи панҷ нафар дар Қирғизистон бахше аз он аст ё ҷудогона сурат мегирад. Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG