Марде, ки ба тирандозӣ дар Донишгоҳи давлатии Перм гумонбар мешавад, дар ҷараёни боздошт маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар ҳолати сангин дар беморхона қарор дорад. Кумитаи тафтишоти Русия бо пахши изҳороте гуфт, дар ҳамлаи рӯзи 20-уми сентябр шаш нафар кушта ва 28 кас захмӣ шуданд. Қаблан ин кумита шумори кушташудаҳоро ҳашт нафар гуфта буд.
Вазорати беҳдошт гуфт, 24 нафар осори захмро дар беморхона табобат мекунанд. Сухангӯи донишгоҳи Перм Наталя Печишева, ки қаблан гуфта буд, ҷавони тирандоз “нобуд карда шудааст”, дертар хабар дод, ки ӯ дар идораи полис мебошад.
Дар як навори видеоӣ дида мешавад, ки марди мусаллаҳ дар дохили ҳавлии донишгоҳ пайдо мешавад. Ӯ тахминан соатҳои 11-и субҳ ба яке аз биноҳои донишгоҳ ворид шуда, оташ мекушояд. Шабакаи REN TV наворҳоеро нишон дод, ки дида мешавад бархе аз тарс худро аз ошёнаи дуюм ба замин мепартоянд.
Хадамоти матбуоти донишгоҳ гуфт, ки гумонбар дар даст силоҳе дошт, ки бо тири пластикӣ мусаллаҳ шуда буд. Ингуна силоҳҳо метавонанд бо тирҳои воқеӣ пур карда шаванд. РИА Новости маълум кардааст, ки гумонбар силоҳро аз роҳҳои қонунӣ харидааст.
Перм дар 1200-километрии шимолушарқи Маскав ҷойгир буда, баробари рӯ додани ҳодисаи тирандозӣ маъмурият аз донишомӯзон талаб кард, ки дари синфхонаро бубанданд. Дарсҳо бекор карда шуданд. Дар ин донишгоҳ 12 ҳазор нафар таҳсил мекунад ва ба ҳангоми тирандозӣ 3 ҳазор нафар дар дохили донишгоҳ будааст.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад