Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо намуд, ки барои аз зиндон озод кардани ду шаҳрванди маҳкумшудааш дар Қирғизистон даст ба кор шавад. Ҳафтаи гузашта додгоҳи Қирғизистон Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, сокинони вилояти Суғдро дар робита ба муноқишаи марзии моҳи апрели имсол ба ҳабси абад маҳкум кард. Ин ду нафар ба ҷиноят бар зидди сулҳ ва ғоратгарӣ гунаҳгор дониста шуданд. Додгоҳ дар пушти дарҳои баста ҷараён гирифт ва шаффофияти он ва риоя шудани ҳуқуқи маҳкумшудаҳо зери суол аст.
Муллоҷонов дар саҳифаи фейсбукии худ рӯзи 16-уми сентябр навишт: “Агар ҳукумати Точикистон барои наҷоти ин ду шахс ба таври ҷиддӣ талош накунад, дигар дар оянда, агар мабодо даркор шавад, бисёриҳо дар ин минтақа барои ҳимояи меҳан намехезанд”. Ин сиёсатшинос мегӯяд, «на танҳо мардум бояд давлатро ҳимоя кунад, балки давлат ҳам бояд ҳар як шаҳрванди худро бо ҳар роҳу васила пуштибонӣ кунад”.
Дар ҳамин ҳол, муҳокимаи се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон дар робита ба муноқишаи марзии моҳи апрел дар додгоҳи вилояти Бодканд идома дорад. Айбдоркунанда дар мурофиае, ки ҳамчунон пушти дарҳои баставу ношаффоф мегузарад, рӯзи 15-уми сентябр талаб кард, ки гумонбарон ба мӯҳати 20 сол зиндонӣ шаванд. Интизор меравад, ҳукми онҳо 21-уми сентябр эълон шавад.
Мурофиаҳои судии мазкур панҷ моҳ баъди муноқишаи пурхушунати марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мегузарад, ки дар он даҳҳо шаҳрванд аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд. Душанбеву Бишкек дар рӯй додани ин муноқиша ҳамдигарро гунаҳгор карданд ва равобити сиёсиву дипломатии ду кишвар пуртаниш шуд.