Амрико дар доираи барномаи COVAX-и Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 100 ҳазор воя ё доза ваксинаи Pfizer-BioNTech дод, ки нигоҳ доштанаш дар муқоиса ба ваксинаҳои дигар мушкилтар аст. Ин навъи ваксина бо ҳашт яхдони махсус бори аввал субҳи 20-уми сентябр ба Тоҷикистон оварда шуд.
Тоҷикистон то кунун тавассути барномаи COVAX аз кишвару созмонҳои гуногун зиёда аз 4 миллиону 900 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca, CoronaVac, Moderna ва Спутник V гирифтааст.
Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон, гуфт, 2 миллиону 100 ҳазор воя ваксинаро Иёлоти Муттаҳида додааст. Ӯ рӯзи душанбе гуфт, кишвараш ёрӣ ба Тоҷикистонро идома медиҳад, то садҳо ҳазор нафари дигар ба зидди бемории ҳамагир эм карда шаванд. "2 миллиону 100 ҳазор ваксина барои эмкунии 1 миллион одам ё 18 дарсади аҳолии аз 18-сола боло мусоидат хоҳад кард", -- афзуд ӯ.
Ба иттилои намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе, то охири ҳафта боз дусад ҳазор ваксинаи Pfizer ба Тоҷикистон оварда хоҳад шуд.
Тоҷикистон дар моҳи июни имсол эмгузаронии зидди COVID-19-ро барои сокинони аз 18-сола боло ҳатмӣ кард. Ин қарор норозигиҳоро ҳам ба миён овард ва талаб карда шуд, ки эм кардан бояд ихтиёрӣ бошад. Бархе ҳам мегӯянд, ба хотири ҳифзи саломатии худ ва дигарон довталабона эм гирифтаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон як ҳафта боз хабар медиҳад, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст. Мақомот инро натиҷаи эмкунӣ медонанд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, мумкин аст, шиддати беморӣ андаке поин омада бошад, вале пурра аз байн нарафтааст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумори эмшудаҳо ба муқобили COVID-19 дар кишвар аз ду миллион нафар гузашт, аммо шубҳаву гумонҳо ба ин омор зиёд аст. Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири тандурустӣ, рӯзи 20-уми сентябр гуфт, дар маҷмуъ, то ҳол 39,4 дарсади аҳолии Тоҷикистон эм карда шудаанд: «Шаҳри Душанбе 99 дарсад, вилояти Бадахшон 60, Суғд 33,1, Хатлон 30 ва ноҳияҳои тобеи марказ 30,6 дарсад ваксина гирифтаанд.»
«1,4 миллион нафар алакай вояи дувумро гирифтаанд», -- афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки моҳи августи имсол дар баъзе аз минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳрвандон гуфта буданд, эми якумро гирифта, бо гузашти зиёда аз ду моҳ барояшон имконияти вояи дувум дода нашудааст.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то 13-уми сентябр гирифтории беш аз 17 ҳазор нафар ба COVID-19 тасдиқ шуда, 124 кас аз ин беморӣ фавтидаанд. Оморе, ки на ҳама ба дурустии он бовар доранд ва шумори гирифторон ба беморӣ ва фавтидагонро бештар арзёбӣ мекунанд.