Нахуствазири Покистон мегӯяд, ҷаҳон бояд дар канори мардуми Афғонистон бошад ва барои рушди ин кишвар ба он кӯмак кунад.
Имрон Хон, рӯзи 17-уми сентябр дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе гуфт, суқути режими гузашта дар Афғонистон, омадани Толибон ва хуруҷи неруҳои хориҷӣ дигар як воқеият аст. Имрон Хон дар як вақт “шукргузорӣ” кард, ки ин ҳама “бидуни хунрезӣ, ҷанги дохилӣ ва ихроҷи густурдаи оворагон” сурат гирифт. Нахуствазири Покистон афзуд, дар шароити феълӣ ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки итминон дошта бошанд, аз Афғонистон дубора ба сулҳу амнияти онҳо таҳдид сурат намегирад.
“Яке аз авлавиятҳо буҳрони инсонӣ ва вазъияти иқтисоди дар ин кишвар ҳаст. Хатари фурӯпошии иқтисодии Афғонистон пойбарҷост. Аз ҳама мехоҳем, ки ҳамаи ҳимояти байналалмилалиро басиҷ кунем, ки ба кӯмаки инсондӯстона дар Афғонистон пардозем. Покистон аз ҳеч гуна кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон худдорӣ намекунад.”,--гуфт ӯ.
Покистон аз кишварҳои ҳомии Толибон гуфта мешавад ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон борҳо аз дахолати Исломобод норозигӣ кардаанд. Имрон Хон, нахуствазири Покистон рӯзи 17-уми сентябр талош кард ба ин интиқодҳо посух диҳад ва гуфт, кишвараш аз ҷанги Афғонистон осеби зиёд дида, ҳоло мизбони 4 миллион гурезаи афғон аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, Покистон аз терроризм 150 миллиард доллар зарар дида, 80 ҳазор нафарро аз даст додааст.
Имрон Хон дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба он таъкид кард, ки баъди 40 соли ҷанг, дар Афғонистон фурсати эҷоди сулҳу субот ба миён омадааст ва набояд ин фурсатро аз даст дод.
Нахуствазири Покистон бидуни инки аз кадом гуруҳе ном барад гуфт, “набояд иҷозат диҳем, ки шайтанатҳо аз тарафи харобкорон боис шавад, фурсате, ки барои эҷоди сулҳ эҷод шуд, ҳадар равад. Ин вазъиятро бояд ба нафъи мадуми Афғонистон истифода кунем. Як сохтори фарогир мустақар шавад, сохторе ки тамоми гуруҳҳо ва қавмияти Афғонистон дар он ҳузур дошта бошанд ва аз нигоҳи амният барқарор шавад ва ҳуқуқи ҳама таъмин шавад. Афғонистон набояд ба макони дубораи терроризм табдил шавад.”