Байден гуфт, агар ҳавопаймои Амрико дар Тоҷикистон ҳам менишаст, "мардум ба чархи он мечаспиданд"

Ҷо Байден дар маросими ёдоварӣ аз ҳодисаи бист сол пеш

Раисҷумҳури Амрико бо ишора ба чархи ҳавопаймо овезон шудани чанд сокини Афғонистон (ҳангоми фирор аз он кишвар) гуфт, "агар дар Тоҷикистон ҳам ҳавопаймо меомаду эълон мекард, ки касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад, одамон ба чархи ҳавопаймо мечаспиданд".

Ҷо Байден рӯзи 11-уми сентябр дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи бист сол пеш дар шаҳри Шансквили иёлати Пенсилвания дар ин бора ибрози назар кард.

Дар ин маросим раисҷумҳури Амрико аз тасмимаш ҷиҳати берун кашидани нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон дифоъ кард ва онро кори дуруст хонд.

Ӯ гуфт, бинобар натиҷаи назарсанҷиҳо 70 дарсади амрикоиҳо ҷонибдори берун шудани нерӯҳо аз Афғонистон буданд. Байден гуфт, аммо ба бисёриҳо шеваи хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон писанд наомад.

“Бисёр душвор аст, ки ба дигарон фаҳмонӣ, ки чӣ гуна метавон хориҷ шуд. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва як ҳавопаймои “С-130”-ро оварда мегуфтем: “ҳар касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад”, боз ҳам одамон дар чарх (манзур ҳавопаймо) овезон мебуданд”, -- шарҳ дод Ҷо Байден.

Дар идомаи радду бадал бо хабарнигорон раисҷумҳури Амрико гуфт, пас аз маҳви Бин Лодин ва гуруҳи террористии "Ал-Қоида" дар Афғонистон мондани нерӯҳои низомии Амрико иштибоҳ буд.

Вай афзуд: "Он замон Шумо ба касе мегуфтед, ки мо ният дорем ҳар рӯз 300 миллион доллар давоми 20 сол харҷ кунем, то кишварро муттаҳид созем. Ин ҳам пас аз он ки Бин Лодин ва "Ал-Қоида" маҳв шуду боз ҳам "Ал-Қоида" метавонад бозагардад? Бале. Аммо медонед чӣ? Он (манзур "Ал-Қоида") аллакай дар дигар ҷойҳо бозгашт. Стратегияи мо чист? Ҳар ҷое, ки "Ал-Қоида" ҳаст ҳуҷум барему нерӯҳоямонро он ҷо гузорем? Биёед, монед."

Дар поёни моҳи августи имсол Амрико нерӯҳои низомии худро аз Афғонистон комилан берун бурд.

Вазорати дифои Амрико эълон кард, ки рӯзи 30-юми август охирин нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон берун шуданд ва ба ин тартиб, ҳузури низомии 20-солаи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон анҷом ёфт.