Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 11-уми сентябр гуфт, ки барои аввалин бор бо ширкати низомиён аз Туркия ва Покистон размоиши нӯҳрӯза барпо мекунад. Машқҳои низомӣ таҳти унвони шартии “Се бародар-2021”, ба қавли Боку, ба хотири озмоиши ҳамкории нирӯҳои вижаи се кишвар ба хотири “омодагӣ дар баргузории амалиёти низомӣ дар давраи сулҳ ва ҷанг” ва табодули “дониш ва таҷриба” баргузор мешавад. Машқҳои муштараки Озарбойҷон, Туркия ва Покистон рӯзи 12-уми сентябр оғоз мешаванд.
Оғози соли ҷорӣ нирӯҳои Туркияву Озарбойҷон муштаракан дар Боку размоишҳои низомии дигаре барпо карда буданд.
Туркия тирамоҳи соли гузашта ба низомиёни Озарбойҷон дар берун кардани нирӯҳои Арманистон аз қаламравҳои дохил ва атрофи минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ мусоидат кардааст, ки аз оғози солҳои 1990-ум амалан аз итоат ба Боку саркашӣ мекард.