"Даргириҳои ҳозира дар Панҷшер идомаи занҷиравии қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар бист соли пеш аст." Ин ҷумла рӯзи 10-уми сентябр дар маҳфили ёдбуди қаҳрамони миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд, дар сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе садо дод. Дар маросим мақомоти Тоҷикистон ва сафирони кишварҳои хориҷӣ иштирок надоштанд.
Ёдоварӣ аз 20-умин солгарди қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҳоле баргузор шуд, ки гуруҳи "Толибон" қисмате аз зодгоҳи ӯ, вилояти Панҷшерро тасарруф карда, бахше аз оромгоҳашро вайрон карданд. Муҳаммад Заҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, рӯзи 10-уми сентябр гуфт, "Масъуд зарре ҳаст, ки бо шикастани сангаш, бо шикастани санги мақбарааш, аз ӯ чизе кам намешавад."
"Толибон" мехостанд, аз ӯ интиқом бигиранд. Дар ҳамлае, ки ба Панҷшер доштанд, нафраташонро мебинед. Дар он дара тақрибан наслкушӣ мекунанд", -- идома дод Латифи Пидром, раиси Кунгураи миллии Афғонистон.
Гуруҳи "Толибон" дар нимаи моҳи август, баъди тақрибан бист соли сарнагунии ҳокимияташ, дигарбора назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт, аммо Панҷшер таслим нашуд. Дар онҷо Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон"-ро ташкил доданд, ки раҳбараш Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд аст.
Намояндагони "Толибон" рӯзи 6-уми сентябр, пас аз як ҳафтаи ҳамла ба Панҷшер, иддао карданд, ки вилоят ишғол шудааст, вале Ҷабҳаи муқовимат напазируфт.
Баъзе аз ҳамсангарони пешини Аҳмадшоҳи Масъуд дар нишасти Душанбе иддао карданд, ки "ҳоло 90 дарсади аҳолии Афғонистон ҳукумати "Толибон"-ро қабул надоранд". Дар ҳоле ки сухангӯи гуруҳ, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ташкили ҳукумати навро, ки "аморати исломӣ" меноманд, ниёзи мардум донист.
Шор Гул Паштунӣ, муовини собиқи вазири дифои Афғонистон, бо ёдоварӣ аз корномаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Душанбе гуфт, "қаҳрамон ҷойи таъриф дорад. Дар сатҳи як кишвар ва ҳатто дар сатҳи ҷаҳон номи як кас ёд мешавад. Пас, воқеан, касе ҳаст, ки аз кишвари худ, аз ватани худ андешае дорад."
Дар маросими гиромидошти Аҳмадшоҳи Масъуд дар солҳои гузашта бархе аз мақомоти Тоҷикистон ва сафирони кишварҳои хориҷии муқими Душанбе ширкат мекарданд. Рӯзи ҷумъа дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳузур надоштанд.
Танҳо Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва узви порлумон, суханронӣ кард. Ӯ гуфт: "Панҷшер ба нерӯи ҷисмонӣ ниёз надорад... Сокинони дараи Панҷшер ба маводи ғизоӣ ниёз доранд ва ин мавзуъ бояд мавриди баррасии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад."
Латифи Пидром низ ба айни масъала таъкид кард: "Дараро муҳосира кардаанд. Барои кӯдакон обу нон намерасад, дору намерасад."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи машҳури муҷоҳидон ва вазири собиқи дифои Афғонистон, 9-уми сентябри соли 2001 дар Хоҷа Баҳовуддини вилояти Тахор кушта шуд. Ӯ дар деҳаи Баҳораки дараи Панҷшер, дар оилаи сарҳанг ба дунё омад, вале дар Кобул бузург шудааст.
Масъуд дар солҳои муқовимат алайҳи "Толибон" дар шаҳри Душанбе манзил дошт ва гоҳ-гоҳе бо хонаводааш дар он зиндагӣ мекард. Дар гузашта ин пешниҳод садо дода буд, ки ин манзил ба хона-музейи ӯ табдил дода шавад. Пешниҳоде, ки бо сабабҳои номаълум ҳанӯз амалӣ нашудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳафтаи гузашта, баъд аз бист соли маргаш, ба ӯ ордени дараҷаи яки "Исмоили Сомонӣ" дод.