Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии Узбекистон рӯзи 9-уми сентябр дар Анҷумани 10-уми Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон - Ҳизби либерал-демократии Узбекистон ширкат кард.
Дар анҷуман мансъалаи пешбарии номзад дар интихоботи президентии рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ баррасӣ шуд.
Дар анҷуман тасмим гирифтанд, ки Шавкат Мирзиёев аз Ҳизби либерал-демократӣ номзад ба мақоми президенти Узбекистон шавад.
Мирзиёев самтҳои асосии барномаи интихоботии худро шарҳ дод.
То ин замон чаҳор номзади дигар аз ҳизбҳои сиёсии Узбекистон барои ширкат дар интихоботи президентӣ сабти ном шудаанд.