"Толибон" занҳои Афғонистонро аз варзишкорӣ манъ карданд

Ҷангҷӯёни "Толибон" дар рӯзҳои аввали ворид шудан ба Кобул муборизаро бо акси занон оғоз карданд

Гуруҳи "Толибон" занҳои Афғонистон, аз ҷумла аъзои тимҳои миллии он кишварро аз варзишкорӣ манъ кард. Дар ин бора Аҳмадулло Восиқ, муовини раиси кумисюни фарҳангии "Толибон", рӯзи чаҳоршанбе дар суҳбат бо нашрияи SBS News хабар дод.

Вай барои ин фармон бозии крикетро мисол овард. Восиқ гуфт, дар сурате агар занҳо крикет бозӣ кунанд, чеҳра ва андомҳояшон барои бинандагон ошкор мешавад.

"Ислом ва Аморати исломӣ ба ин роҳ намедиҳад", - гуфт вай. Восиқ илова кард, занҳо метавонанд, гаштугузор кунанд, вале варзиш, ба бовари вай, барои занҳо муҳим нест.

Рӯзи чаҳоршанбе Би-би-сӣ хабар дод, ки дар яке аз вилоятҳои Афғонистон “Толибон” занеро дар пеши чашми шавҳар ва фарзандонаш парронданд. Аксҳои нашршуда ин ҳодисаро собит мекунанд. Намояндаи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, дар ин кор даст надоранд.

Чанд рӯз пеш “Толибон” нисбат ба занҳои норозӣ дар Кобул аз гази ашковар истифода карданд. 8-уми сентябр “Толибон” фармон содир кард, ки ҳама гуна иқдоми эътирозӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва адлия мувофиқа карда шаванд. “Толибон” гуфтанд, дар сурати риоя нашудани ин тартибот ҳамаи иштирокдорон ҷазо мегиранд.

Баъд аз ғасби ҳукумати Афғонистон аз сӯи “Толибон” сокинони он кишвар аз фишор ва маҳдудшавии ҳуқуқҳояшон шикоят доранд. Занҳо аз мансабу мақом дар ҳукумат ва созмонҳои тиҷорӣ маҳрум шудаанд. Расонаҳои маҳаллӣ аз мавридҳои ҳамла ба занҳо аз сӯи “Толибон” хабар медиҳанд.