Садҳо нафар рӯзи 8-уми сентябр дар кӯчаҳои Кобул ва Парвону Бадахшон эътироз карданд. Баъзе аз норозиён гуфтанд, ки нерӯҳои "Толибон" бо онҳо хушунат карда, ба ҳаво тир холӣ намудаанд.
Яке аз онҳо бо номи Марям ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "бо хушунати сахти "Толибон" рӯбарӯ шудем. Онҳо хушунат карданд, мо пароканда шудем. Мехоҳем, ки садои худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бирасонем. "Толибон" моро таъқиб мекунад."
Баъзе аз эътирозгарон гуфтаанд, дар ҷараёни тирандозии ҷангҷӯёни исломгаро дар Парвон чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд. "Толибон" то кунун ба тамосҳои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ барои шарҳи масъала посух надодаанд.
Шуморе аз норозиён ба зидди Покистон шиор дода, хоҳони озодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи худ шуданд.
Рӯзи гузашта Кобул ва Ҳироту Ғӯр низ саҳнаи тазоҳуроти алайҳи Покистон буд.
як рӯз пеш Тирандозӣ дар Кобул. Намояндаи Покистон гуфтааст, "ба он чӣ дар Панҷшер мегузарад, рабт надоранд" ВИДЕО