Додситонии кулли Қирғизистон тасмим дорад, парвандаи ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаровро, ки моҳи июли соли 2020 дар зиндон фавтид, дубора тафтиш кунад.
Дар ин бора мақомоти Қирғизистон рӯзи 6-уми сентябр ба намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон иттилоъ додаанд.
"Иттиҳоди Аврупо аз зарурати таҳқиқи холисона ва шаффофи парвандаи Азимҷон Аскаров ёдрас шуд. Ҷониби Қирғизистон хабар дод, ки додситонии кул ба таҳқиқи нав омода мешавад", - хабар доданд аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо.
Азимҷон Аскарови 69-сола рӯзи 25-уми июли соли 2020 дар зиндони Қирғизистон вафот кард.
Аскаров дар ноҳияи Бозоркоргони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ ва ба ҳайси як ҳомии ҳуқуқ кор мекард. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 ӯро дар ташкили беназмиҳо ва ширкат дар куштори як ходими милиса айбдор карданд. Бар асоси қарори ҳама зинаҳои додгоҳӣ ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд.
30-юми июли соли 2019 парвандаи ӯ бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бозбинӣ шуд, вале додгоҳи вилояти Чуй озод кардани ҳомии ҳуқуқро рад кард. Додгоҳӣ олӣ ҳам 13 майи соли 2020 ин қарорро бетағйир монд.
Кумитаи ҳуқуқи башари СММ соли 2016 дар хулосаҳои худ оид ба қазияи Аскаров гуфт, ки ӯ дар зиндон шиканҷа ва аз ҳуқуқи дастраси ба кӯмаки тиббӣ ва адолати судӣ маҳрум шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҳомиёни ҳуқуқ моҳи феврали соли ҷорӣ аз риоя нашудани қарори СММ аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон ба додгоҳи Бишкек шикоят карда буданд.