Гуруҳи "Толибон" баъди беш аз се ҳафтаи ишғоли Кобул ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон эълон кард. Аксарият намояндагони гуруҳи тундрав буда, ба камияш ду нафари онҳо дар рӯйхати террористон ҳастанд. Ба ҳайати ҳукумати нав занон шомил намешаванд. Пештар кишварҳои ҷаҳон хоҳони ташкили ҳукумати ҳамашул буданд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон "ғайриқонунӣ ва намунаи боризи душмании ин гуруҳ бо мардуми Афғонистон донист". Чанде аз сиёсатамадорони афғон низ дар эъломияҳои ҷудогона рафтори "Толибон"-ро танқид карданд.
Гуруҳи "Толибон" рӯзи 7уми сентябр Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаро раҳбари олӣ ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охундро раиси ҳукумати нави Афғонистон эълон кард. Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода 55-сола (раҳбари ҳозираи "Толибон") ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд 60-сола (вазири собиқи корҳои хориҷӣ дар ҳокимияти қаблии "Толибон") аст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи гуруҳи "Толибон", 7-уми сентябр дар нишасти хабарӣ гуфт, Абдулғанӣ Бародар (соли 2018 бо дархости Амрико аз боздоштгоҳи Покистон озод шуд) – муовини аввал ва Абдусалом Ҳанафӣ – муовини дувуми раиси ҳукумат, Муҳаммад Яъқуб (писари Мулло Умар, раҳбари пешини “Толибон”) – вазири дифоъ, Сироҷиддин Ҳаққонӣ (писари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, раиси "Шабакаи Ҳаққонӣ", созмони террористӣ дар Амрико) – вазири дохилӣ ва Амирхон Муттақӣ – вазири корҳои хориҷӣ таъин шудаанд. Муҷоҳид афзуд, раҳбарон феълан "иҷрокунанда" ҳастанд ва "мумкин аст, дар оянда тағйирот шавад".
Сухангӯйи дигари "Толибон" Аҳмадуллоҳ Масиқ ба Би-би-сӣ гуфтааст, номи кишвар "Аморати исломии Афғонистон" ва Охундзода "амири муъминон” аст.
Дар гузашта созмону кишварҳо аз гуруҳи “Толибон” хоста буданд, ки як ҳукумати фарогир ташкил кунад. Тоҷикистон низ хоҳони ҷойгоҳи шоиста ба тоҷикони он сӯи Ому шуда буд.
Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон" аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва кишварҳои таъсиргузор хостааст, ки аз ҳамкории сиёсӣ ва дипломатӣ бо ҳукумати нав худдорӣ кунанд. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳа, рӯзи 7-уми сентябр бо нашри эъломия гуфт, ба зудӣ сохтори ҳукумати интиқолии мардумсолорро дар Афғонистон эълон хоҳанд кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон. Душанбе гуфт, дар Кобул чӣ гуна ҳукуматро дидан мехоҳад. ВИДЕОЭълони ҳукумати нав дар Афғонистон пас аз ҳашт рӯзи аз ин кишвар рафтани нерӯҳои Амрико ва як рӯз баъд аз иддаои ишғоли Панҷшер садо дод, ҳарчанд Ҷабҳаи муқовимати миллӣ онро напазируфтааст.
Ҳанӯз ҳеч кишваре ҳукумати “Толибон”-ро дар Афғонистон ба расмият нашинохааст. Ҳама мунтазиранд, ки ҳайати ҳукумат аз кӣ таркиб меёбад ва рафтори гуруҳ нисбат ба занону озодии баён чӣ гуна хоҳад буд.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, гуфтааст, барои ба расмият шинохтани “Толибон” шитоб надоранд. Вай рӯзи душанбе дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, “ҳанӯз фосилаи зиёде барои ба расмият шинохтани “Толибон” вуҷуд дорад.”
Русия гуфтааст, “Толибон” бояд ҳукумате ташкил диҳад, ки фарогир бошад ва ҳамаи ақвоми Афғонистон дар он ҷой ёбанд. Борис Ҷонсон, нахуствзаири Бритониё, тасмими ба расмият шинохтани “Толибон”-ро маҳдуд ба амалкарди онон донист. Аммо кишварҳое ба мисли Канадаву Дания ба сурати ошкор эълом карданд, ки “Толибон”-ро ба расмият намешиносанд.
Ин дар ҳолест, ки то ҳанӯз ноамниҳо дар Афғонистон поён наёфтааст. Баъзе аз гузоришҳо баёнгари он аст, ки шаби гузашта набарди сангин миёни афроди Ҷабҳаи муқовимат ва “Толибон” дар Панҷшеру Парвон сурат гирифтааст.
Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳа, гуфтааст, нерӯҳои онҳо шаби душанбе ба мавқеи “Толибон” дар Панҷшеру Андароб ҳамла карданд, аммо шарҳи бештар надод. “Толибон” ин иддаои Ҷабҳаи муқовиматро тасдиқ накард. Билол Каримӣ, узви дафтари матбуотии гуруҳ, гуфт, “ҳеч гузориш аз ноамнӣ дар Панҷшеру минтақаҳои атрофи он нашр нашудааст”.
Аҳмад Валӣ Масъуд, бародари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, рӯзи 7-уми сентябр дар як нишаст дар Женева гуфт, ки Ҷабҳаи муқовимат "осеб дид", вале "зинда аст".
"Ҳанӯз ҳам дар водӣ ҳазорҳо ҷанговар дорем. Ҳар замон метавонанд, ки баргарданд ва Шумо шоҳидаш хоҳед буд. Бале, мо осеб дидем, воқеан захмӣ шудем, аммо намурдем, ҳоло ҳам зиндаем", -- афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ, гуфтааст, “таҳмил кардани хостҳо аз роҳи зӯр натиҷабахш нест”. Доктор Абдуллоҳ рӯзи 7-уми сентябр дар паёме дар робита ба кушта шудани хоҳарзодааш, рӯзноманигори шинохта ва сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Фаҳими Даштӣ, гуфтааст, “аъмоли хушунату зӯр боис ба идомаи дарду ранҷи мардум мешавад”.
Бо ин ҳама, “Толибон” талош дорад, ки доманаи ҳокимияти худро густариш дода, решаҳои онро қувват бахшад. Вале мушкили аслӣ дар баробари гуруҳ ба даст овардани эътирофи кишварҳои ҷаҳон ва ба расмият шинохта шудани ҳокимияташ аст.