Ба зане, ки бо чаҳор кӯдак аз хонаи шавҳараш дар Кӯлоб ронда шуда, дар кӯча мезист, хонаи нав тақдим кардаанд.
Зулқадамоҳ Абдураҳмонова гап зада наметавонад. Наздикону ҳамсояҳояш рӯзи 7-уми сентябр гуфтанд, ки мушкили ӯро "як гуруҳ аз хайрхоҳон" ҳал карданд. Радиои Озодӣ чанде аз онҳоро пайдо кард, вале розӣ нашуданд, ки номашон зикр шавад.
Хонаи нави Зулқадамоҳ Абдураҳмонова ва кӯдаконаш дар наздикии манзили пешинаашон ҷойгир аст. Ба нақли ҳамсояҳо, онро ба 170 ҳазор сомонӣ, муодили бештар аз 15 ҳазор доллар, харидаанд.
Мушкили Зулқадамоҳ пас аз он оғоз шуд, ки шавҳараш Мурод Кавгаков фавтид ва духтарандараш, Мижгона Муродзода, барои берун кардани ӯ аз манзили зист ба додгоҳ шикоят бурд. Мижгона Муродзода даъво дошт, ки манзили зист аз аввал ба номи ӯ буд. Додгоҳ низ қазияро ба фоидааш ҳал кард.
Радиои Озодӣ аз моҳи апрели имсол ба ин тараф дар ин бора чанд дафъа гузориш дод. Ва ҳар дафъа ашки Зулқадамоҳ Абдураҳмонова рӯйи навор меомад. Ин бор ӯ табассум дорад ва хушҳолона бо забони худ ба ҳамсояҳо хонаи навашро васф мекунад. Аз ҷумла, ангури рӯйи ҳавлиашро.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳамсояҳо, ки то ин дам Зулқадамоҳ ва кӯдаконашро танҳо ва бе хӯрок нагузошта буданд, аз хушии ӯ меболанд. Меҳринисо Сафарова, яке аз ҳамсояҳои Зулқадамоҳ, гуфт, "мардум ёрӣ доданд, соҳиби хона шуд. Хушҳолии вай хушҳолии мо низ ҳаст. Кӯдак дорад, воқеан, ин кори хайр шуд."
Зулқадамоҳ Абдураҳмонова 49-сола аст. Соли 2010 бо Мурод Кавгаков, марде, ки аз ӯ сӣ сол бузургтар буд, издивоҷ кард.
Баҳси манзил дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ дониста мешавад. Ҳар сол аҳолии Тоҷикистон меафзояд ва “рақобатҳо” барои як порча замину макони зист шадидтар мешавад.
93 дарсади масоҳати Тоҷикистон кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо манзил аз мушкили рақами аввал дониста мешавад. Нархи хона низ дар гӯшаҳои кишвар гарон аст ва коршиносон мегӯянд, агар онро ба даромади аҳолӣ муқоиса кунем, "фарқ байни замину осмон хоҳад буд" ва зоҳиран ҷанг барои хона ҳам бедалел нест.