Хабаргузории Reuters бо такя ба чанд манбааш рӯзи 3-юми сентябр навишт, ки ҳаммуассиси гурӯҳи “Толибон” ва раиси сиёсии ин гурӯҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар раҳбарии ҳукумати нави Афғонистонро ба ӯҳда мегирад.
Ин манбаъ гуфтааст, ки Мулло Муҳаммад Яъқуб, писари муассис ва раҳбари олии ин гурӯҳ Мулло Умар дар ҳукумат мақоми баланде хоҳад гирифт. Инчунин Шермуҳаммад Аббос Станикзай, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Давҳаи Қатар як узви баландпояи ҳукумати “Толибон” хоҳанд шуд.
Ҷузъиёти дигар феълан дар даст нест.