Амриддин Нахшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои "Нахш" ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистон, ки ба "авбошӣ" муттаҳам мешуд, бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод гардидааст.
Нахшов ва нӯҳ ҳамроҳашро ба он гунаҳкор донистанд, ки шоми 16-уми майи имсол дар маркази ноҳияи Данғара кормандони ширкати "Мину Фарм"-ро задаанд. Ин афрод ҳеч вақт дар бораи ҳодиса чизе нагуфтанд, вале раҳбарияти ширкати "Мину Фарм" дар номае онҳоро"бегуноҳ" дониста буд.
Ҷузъиёти ҳукм
Ҳукми Амриддиин Нахшов ва ҳамроҳонаш охири моҳи июл содир шуда, ҷузъиёти он тоза дастраси Радиои Озодӣ гардид.
Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Данғара бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 1-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Нахшов ба супурдани 60 ҳазор сомонӣ ҷарима вазифадор шуд. Маълум нест, ӯ пулро супурдааст ё не.
Ба қавли мусоҳиби мо, панҷ ҳамроҳи ӯ барои иштирок дар занозанӣ ва расондани зарари вазнин ба саломатӣ аз 3 то 5 сол ҳукм гирифтаанд. "Чаҳор нафари дигар ба мисли Нахшов ба супурдани вазифадор шуданд", -- илова кард ӯ.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, бо эҳтимоли зиёд ин афрод низ бар асоси қонуни афв, ки қарор аст, 6-уми сентябр қабул шавад, озод гарданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар аввали моҳи август дар нишасти матбуотӣ эълони ҳукм нисбат ба Нахшовро тасдиқ кард, аммо тафсилот надод.
Мақомот гуфта буданд, Амриддин Нахшов пас аз занозанӣ фирор кардааст, аммо пас аз даҳ рӯзи ҳодиса, 27-уми май, Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки ӯ "бо хоҳиши худ" ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара омада, "таслим шудааст".
Ба гуфтаи мақомот, парвандаи Нахшов бар асоси банди дуи моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ шуд, ки он аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекард.
Дар маркази Данғара чӣ гузашт?
Нахшов ба он гунаҳкор дониста шуд, ки шаби 16-уми май бо чанде аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати "Мину Фарм", паймонкори ширкати "Фароз", ҳамла кардааст. Дар ин рухдод ҳудуди даҳ кас захмӣ шуда, дар бадани чаҳор нафари онҳо зарби корд мушоҳида шуда буд. Дар миёни осебдидагон чаҳор шаҳрванди Афғонистон низ буданд, ки барои бастани шартнома барои ҷамъоварии шираи камол ба Данғара омада будаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Хоҳарзодаи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар занозанӣ меҷӯяндЯк шоҳиди ҳодиса, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳодиса дар маҳаллаи 7-уми маркази ноҳияи Данғара пас аз он рух дод, ки Сайёд Ғиёсов, намояндаи ширкати “Мину Фарм” ба дархости шахсони фиристодаи Амриддин Нахшов барои соҳиб шудан ба як порча замин ҷавоби рад дод.
Дертар ширкати “Мину Фарм” дар як нома, ки он бо имзои мудири ширкат Маҳмадализода Ф. ба дасти Радиои Озодӣ расид, Амриддин Нахшовро бегуноҳ дониста буд.
Амриддин Нахшов хоҳарзодаи ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Падараш Файзиддин Нахшов мудири пешини шуъбаи чоруми "Амонатбонк" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт.
Нахшови хурдӣ пештар дар "Ориёнбонк" кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои "Нахш" аст. Ин ширкат асосан дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ва бештар дар он ҷо ба истихроҷи тило машғул аст.
Ширкати "Мину Фарм", ки бо кормандонаш занозанӣ сурат гирифтааст, аз камшумор ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ пайвандиҳое бо ширкати собиқи "Фароз" дорад, ки ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, тааллуқ дорад.