Миқдори маблағе, ки Сандуқи Байнулмилалии Пул (СБП) дар пасманзари идома ёфтани пандемияи коронавирус бояд барои кишварҳо ҷудо мекунад, маълум шуд.
Тибқи гузориши СБП, маблағе, ки бояд барои 190 кишвари узви созмон ҷудо шавад, ҳудуди 650 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Ҷудошавии маблағи мазкур аз 23-юми август шуруъ шуд.
"Пули ҷудошуда ба ҳамаи кишварҳои узв фоида оварда, дар тақвияти боварӣ, устуворӣ ва суботи иқтисоди ҷаҳонӣ мусоида мекунад", - омадааст дар изҳороти созмон.
СБП барои Қазоқистон 1 миллиарду 600 миллион доллар, ба Қирғизистон 242 миллион, ба Узбекистон 750 миллион ва ба Тоҷикистон 236 миллион доллар ҷудо намудааст. Ҳаҷми маблағе, ки барои Туркманистон ҷудо шудааст, 325 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон то ҳол даъво доранд, ки дар он кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавируси нав сабт нашудааст.