Иттиҳоди Аврупо рӯзи 30-юми август эълон мекунад, ки дар шароити афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус дар ИМА, ин кишварро аз феҳристи «кишварҳои амн аз назари COVID-19» берун хоҳад кард. Ин ба он маъност, ки мусофирони аз Амрико ба Аврупо омада аз карантин ва санҷишҳои ҳатмӣ озод нестанд. Дар миёни кишварҳои дигаре, ки аз феҳристи давлатҳои амн аз назари COVID-19 хат зада мешаванд, исми Косово, Исроил, Монтенегро, Лубнон ва Македонияи Шимолӣ ёд мешаванд. Ҳар кишвари узви ИА бояд худаш муқаррар кунад, ки намояндагони ин кишварҳо ба ҳангоми сафар кадом қоидаҳоро бояд риоя кунанд.
Дар ҳоле, ки бисёр кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз рӯи машваратҳои ҳамагонӣ амал мекунанд, бархе давлатҳо боз қоидаҳои иловагии мисли исботи эмшавӣ ваё маълумотномаи сиҳҳат шудан аз коронавирусро талаб мекунанд.
Аксар кишварҳои аврупоӣ моҳи июн марзашонро барои амрикоиҳо боз карда умедвор шуданд, ки бо ин роҳ бахши туризм рушд хоҳад кард. Вале аз аввалҳои тобистон дар ИМА навъи «Делта»-и босуръат паҳншавандаи коронавирус паҳн шуд ва мояи нигаронии нав дар Аврупо гардид.
Худи ИМА барои аврупоиҳо то ҳол баста мемонад, ҳарчанд мақомоти аврупоӣ чандин бор аз маъмурияти президент Ҷо Байден борҳо дархост карданд, ки имкони сафарро барои онҳо фароҳам кунанд.