Хонаводаи мутриб ва сарояндаи таронаҳои мардуми шимоли Афғонистон мегӯяд, ки ӯро як ҷангии Толибон дар вилояти кӯҳистонии шимоли Кобул ба зарби тир куштааст.
Ин иттиҳоми зидди толибҳо дар ҳоле мерасад, ки нигарониҳо аз бозгашти Афғонистони ҷангзада ба солҳои ҳокимияти саркӯбгари “Толибон” дар солҳои 1996-2001 бештар мешаванд.
“Фаводи Андарабӣ, як ҳунарманди маҳаллӣ, дирӯз аз хонааш берун кашонда ва аз ҷониби Толибон дар деҳаи Кишнободи [ноҳияи] Андароб кушта шуд. Ӯ овозхони машҳури халқӣ дар водӣ буд. Писари ӯ ин ҳодисаро тасдиқ кард "гуфт журналисти афғон Самеъ Маҳдӣ рӯзи 28 август дар Твиттер.
"Вай гуноҳе надошт, овозхоне, ки танҳо мардумро шод мекард" гуфт писари ӯ Ҷавод ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс (АП). "Онҳо дар киштзор ба сараш тир зада, куштанд."
Писари ҳунарманд гуфт, ки як шӯрои маҳаллии “Толибон” ваъда кардааст, ки қотили падарашро ҷазо медиҳад.
АП ба нақл аз сухангӯи “Толибон” навиштааст, ки ҷангҷӯён ин воқеаро таҳқиқ хоҳанд кард. Водии Андароб дар вилояти Бағлон, дар 100-километрии шимоли Кобул ҷойгир аст.
Панҷшери ҳамсоя ба он ягона вилояти Афғонистон аст, ки пас аз сарнагунии босуръати ҳукумати таҳти ҳимояти Ғарб аз назорати “Толибон” берун мемонад.
Карима Беннун, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои фарҳангӣ, дар Твиттер навишт, ки аз хабари куштори Андаробӣ "сахт нигарон" аст.
"Мо аз ҳукуматҳо даъват мекунем, ки аз Толибон эҳтироми ҳуқуқи инсонии ҳунармандонро талаб кунанд" гуфт ӯ ва ҳештегҳои #humanrights of #artists – ро пахш кард.
Агнес Калламард, дабири кулли Созмони Афви Байнулмилал низ ин кушторро танқид кард ва дар Твиттер навишт: "Далелҳои рӯзафзуне вуҷуд доранд, ки “Толибон”-и соли 2021 ҳамон толибҳои таҳаммулнопазир, хушунатбор ва саркӯбгари соли 2001 аст. Он ҳам бо гузашти 20 сол. Дар ин самт ҳеҷ чиз дигар нашудааст. ”
Маҳдӣ дар баробари твитҳои худ ҳамчунин видеоеро нашр кард, ки дар он Андаробӣ ғижжак менавозад ва суруд мехонад.
"Меҳани ман Андароб нест дар рӯйи ҷаҳон,
Миллати мо боғурур, ҳаст марди майдон!
Дараи зебои мо, ин мулки ободи мо, ин мулки обои мо", - месарояд ӯ. "Водии зебои мо, ватани аҷдодони мост."