Як рӯз баъди таркишҳои пурқурбонӣ, ки боиси кушта шудани даҳҳо нафар дар беруни фурудгоҳи Кобул шуданд, рӯзи 27-уми август парвозҳо барқарор шуданд. Сокинони Кобул мегӯянд, ки шоҳиди парвоз кардани ҳавопаймоҳо дар фазои Кобул ҳастанд. Дар натиҷаи ду таркиши худкушона дар назди издиҳоми мардуме, ки бо нияти тарки Афғонистон кардан дар пушти дарвозаҳои фурудгоҳи Кобул қарор дошт, 85 нафар, аз ҷумла 13 низомии амрикоӣ кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ гардиданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт, ки худро душмани “Толибон” ва ғарб меномад. Дар иддаои ин гурӯҳ гуфта мешавад, ки ҳадафи онҳо “тарҷумонҳову ҳамкорони артиши Амрико мебошанд”.
Президенти ИМА Ҷо Байден таҳдид кард, ки ба ин ҳамла посух медиҳад. Ӯ гуфт, ки ба фармондеҳони амрикоӣ амр додаанд, ки барномаи ҳамла ба муассисаҳои марбут ба “Давлати исломӣ”-ро роҳандозӣ кунанд.
Чанд муттафиқи ғарбӣ гуфтанд, ки ҷараёни берун бурдани мардумро ба анҷом расониданд. Дар миёни онҳо Канада, Нидерланди, Белгия ва Олмон мебошанд. Вазорати дифои Бритониё рӯзи 27-уми август эъон кард, ки нирӯҳои бритониёӣ вориди марҳилаи ниҳоии берункашии мардум аз фурудгоҳи Кобул шудаанд ва нуқтаҳои қабули мусофирон дар фурудгоҳ баста шудаанд.