Алексей Навалний, сиёсатмадори мунаққиди Кремлин дар нахустин мусоҳибааш аз дохили зиндон дар Русия гуфт, маҷбур аст давоми ҳашт соат дар рӯз барномаҳои телевизиони давлатӣ ва филмҳои таблиғотиро тамошо кунад. Навалний дар сӯҳбат бо нашрияи The New York Times, ки аз роҳи мукотиба анҷом гирифта 25-уми август чоп шудааст, мегӯяд, вақташ бо тоза кардани ҳавлии зиндон, хондани нома, хӯрокхӯрӣ дар ошхона, ки гоҳо каша ҳам дорад, сарф мешавад. Мунаққиди маъруфи президент Владимир Путин ва Кремлин аз дохили зиндони рақами 3 дар вилояти Владимир ҳолаташро бо истилоҳи “хушунати равонӣ” тасвир кардааст, чун, ба навиштааш, маҷбур мекунанд, ки телевизион тамошо кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар давоми панҷ марҳилаи ҳатмии телевизионбинӣ хондан, навиштан, хоб рафтан ваё ҳар кори дигар кардан манъ аст.
Навалнии 45-сола як сол пеш баъди он ки аз заҳролудшавӣ аз ҳуш рафт, давоми ним сол дар як беморхонаи шаҳри Берлини Олмон муолиҷа гирифт. Вақте баъди хатми табобат ба Русия баргашт, ӯро барои нақзи қарори додгоҳ аз соли 2014 оид ба ҳабси шартӣ ба 2,5 сол зиндонӣ карданд. Навалний гуфт, ки дар заҳролудшавии ӯ Путин гунаҳгор аст, вале Кремлин ин иттиҳомотро рад мекунад.