Паноҳҷӯи афғон дар роҳ ба Олмон фарзанд таваллуд кард

Акс аз бойгонӣ. Тифли афғоне дар беморхонаи фаронсавии Кобул

Тифли афғоне, ки баъди тарки Кобул кардан дар дохили ҳавопаймои низомии амрикоӣ таваллуд шуд, бо номи ин ҳавопаймо гузошта шуд. Дар ин бора мақомоти ИМА хабар доданд. Генерал Тод Волтерс, сардори фармондеҳии аврупоии нирӯҳои ИМА дар як нишасти хабарӣ рӯзи 25-уми август гуфт, ки духтарчаро ба ифтихори худи ҳавопаймо Рич ном гузошта шуд.

Волтерс нақл кард, ки ҳодиса рӯзи 21-уми август рух дод. Модар замоне аз шурӯи таваллуд хабар дод, ки дар парвоз аз Қатар ба пойгоҳи низомии Рамштейни ИМА дар Олмон қарор дошт. Ҳолати мушкиле пеш омад, гуфт генерал. Вале вақте ҳавопаймо поин омаду фишори ҳаво ҳам мӯътадил шуд, ҷони модару кӯдакро наҷот дода тавонистанд. Вақте ҳавопаймо ба замин нишаст, табибони низомӣ ба зан ёрӣ карданд, ки дар қисмати борбарии ҳавопаймо таваллуд кунад. Баъди ин модару кӯдак ба беморхона интиқол ёфтанд. Волтерс гуфт, ки Рич ва волидонаш билохира ба ИМА интиқол меёбанд.

Ҳар ҳавопаймои низомии амрикоӣ як номи рамзӣ дорад, ки барои муоширати байни мутахассисон ба кор меравад. Исми ҳавопаймое, ки барои таваллуди тифли солими муҳоҷирони афғон мусоидат кардааст, ба англисӣ Reach 828 мебошад.