Барканории ду додраси тоҷик барои “кирдор”-ашон

Акс аз бойгонӣ

Ду додраси тоҷикро бо иттиҳоми "содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мақом барканор кардаанд. Ба иттилои мақомот яке аз онҳо Умеда Абураҳмонзода – додраси Додгоҳи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва дигаре Шодиҷон Нозимзода – додраси Додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҳастанд.

Фармони раиси ҷумҳурӣ дар ин бора 25-уми август имзо шуд, вале вокуниши додрасҳо дастрас нест. Мақомот низ дар бораи “кирдор”-и онҳо, ки боис ба барканорияшон шуд, тафсилот надодаанд. Дар гузашта баъзе аз додрасҳоро бо айни иттиҳом ва асосан барои ришвагирӣ аз кор озод карда буданд.

Феълан дар Тоҷикистон беш чаҳорсад додрас кор мекунанд. Дар даҳ соли охир беш аз 25 нафари онҳо боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд. Коршиносон маоши кам ва мустақил набудани додгоҳҳоро аз сабабҳои асосии чунин вазъият мепиндоранд.

Кумисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон (иттиҳоди додрасҳои саршинос ва ҳуқуқшиносони ҷаҳон) моҳи декабри соли 2020 дар гузорише гуфт, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд ва аз ҳукумат хост, низоми додгоҳиро ислоҳ кунад.

Мақомоти Тоҷикистон низоми адлияи худро одилона мешуморанд.