Идораи назорати беҳдоштии сифати ғизо ва маҳсулоти тиббии Амрико ваксинаи зидди COVID-19-ро, ки аз сӯи ширкати амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech ихтироъ шудааст, барои истифода ба таври комил қабул кард.
Ин ваксина дар ИМА ва чанд кишвари дигар ба таври густарда истифода мешавад. Аммо Иёлоти Муттаҳида онро барои истифодаи маҳдуд қабул карда буд. Ҳамакнун ҳамаи маҳдудиятҳо аз он бардошта шудааст.
Дар ИМА ба ҷуз аз Pfizer ду ваксинаи дигар Moderna ва Johnson&Johnson барои истифода иҷозат доранд. Дар маҷмуъ, аз ин се ваксин бештар аз 350 миллион воя ба шаҳрвандони Амрико зада шудааст.
Сарфи назар аз он ки дар Амрико бештар аз нисфи аҳолӣ ваксина гирифтаанд, ҳафтаҳои охир шумораи гирифторони вабои коронавирус дар ҳоли афзоиш аст. Мақомоти тандурустии Амрико мегӯянд, вируси навъи "делта" дар ҳоли паҳншавӣ аст. Мавридҳои гирифтории ваксинзадаҳо ҳам сабт шудааст.