Даҳҳо журналист ва фаъоли ҷамъиятии Афғонистон ба Киев расиданд

22-юми август, фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев. Муҳоҷирони афғон ба Украина расиданд

Як ҳавопаймои низомии украинӣ 83 нафар, аз ҷумла, журналистон, фаъолон ва занону кӯдакони афғонро ба Киев овард. Ин мардум бахше аз афроде ҳастанд, ки ҳаёташон дар Афғонистони зери назари Толибон таҳти хатар мебошад. Дмитро Кулеба, вазири умури хориҷии Украина дар Твиттер рӯзи 22-юми август навишт, ки дар миёни мусофирони ҳавопаймо журналистони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, The Wall Street Journal ва USA Today мебошанд. Кулеба навишт: “Онҳо дар Киев амну бехатар ҳастанд. Мо мардуми худро напартофтаем ва ба дигарон ҳам кӯмак мекунем. Бо дигар нафароне, ки берун рафтан мехоҳанд, кор идома хоҳад ёфт”.

Бовар меравад, ки Киев барои бисёри онҳо макони охирин нахоҳад буд. Фотима Ҳусейн, хабарнигори бахши англисии вебсайти хабарии KabulNow дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, аз тарки Афғонистон карданаш шод аст, вале барои волидонаш, аз ҷумла падараш, ки дар артиши Афғонистон хидмат мекард, ҳарос дорад. Дар изҳороти ҷудогонае дафтари президенти Украина гуфт, ки беш аз 100 шаҳрванди ин кишвар дар Афғонистон мебошанд.

Ҳафтаи гузашта Украина дар берун бурдани Саҳро Каримӣ, як филмсози афғон ва аввалин зане, ки раҳбарии Созмони филми Афғонистон – як идораи давлатиро ба ӯҳда дошт, мусоидат кард.