Ронандагони ширкати "Автопарк" дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон бо талаби пардохти маоши моҳи гузашта корпартоӣ карданд. Дар натиҷа сокинони ин бузургтарин шаҳр дар ғарби Қазоқистон бе нақлиёти ҷамъиятӣ монданд.
"Маоши моро то рӯзи 10-уми моҳ пардохт кунанд, кофӣ аст. Мо талаби дигаре надорем. Барои намуна, агар 15 рӯз кор карда бошад, бигузор 150 ҳазор танга (352 доллар) пардохт кунанд. Ба ман пули зиёдатӣ лозим нест", - изҳор дошт яке аз ронандаҳои норозӣ.
Мудири ширкати "Автопарка" Агарис Тлеулесов тасдиқ кард, ки аз 140 автобуси ширкати зери раҳбарияш айни ҳол танҳо 54 автобус ба сокинон хидмат мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, 40 ронандае, ки моҳи гузашта маош нагирифтаанд, ҳамкорони дигари худро низ ба сафашон ҷалб кардаанд.
"Мо хостем, ки корти бонкӣ бигиранд, то маошашонро пардозем. Вале 40 нафаре, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд ё аз бонк қарздор ҳастанд, корти бонкӣ нагирифтанд. Бинобар ин, маоши онҳо пардохт нашудааст", - изҳор дошт Тлеулесов.
Шаҳри Оқтеппа маркази маъмурии вилояти Оқтеппаи Қазоқистон буда, ҳудуди 500 ҳазор аҳолӣ дорад. Коргарони Қазоқистон аз ҳуқуқи худ ба корпартоӣ ҳамчун воситаи таъсир ба кордиҳанда зиёд истифода мекунанд.