Президент "санги асос" гузошт, вале тарҳи биноҳо дар рӯйи коғаз монд. Чаро? ВИДЕО

Дар инҷо бояд Кохи Фарҳанг месохтанд

Ду бинои, тибқи нақша, барҳавои ҷашнӣ, ки хишти аввали онҳоро чанд сол пеш президенти Тоҷикистон дар Хуҷанд гузошта буд, ҳамоно рӯйи коғаз монда, ҳатто пойдевори онҳо бунёд нашудааст. Яке аз онҳо калонтарин Кохи Фарҳанг дар вилояти Суғд ва дигаре бинои 13-қабатии Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хуҷанд аст.

Аслан ҳанӯз тақрибан даҳ сол пеш дар канори маҳаллаи 20-уми шаҳр зиёда аз 1 гектар ҷойро ҷудо кардаву сохтмони Кохи Фарҳангро гуё сар карданд, аммо солҳост, ки инҷо ба теппаи пур аз сангу кулӯх табдил ёфтааст. "Кохи Фарҳанг" номгузорӣ шудани истгоҳи назди он низ акнун мисли як орзуи дур садо медиҳад.

Бахтиёр Қосимов, сардори идораи фарҳанги Суғд, охири моҳи июли имсол гуфт, "агар ин қаср аз рӯйи лоиҳаи пешинааш бо 2500 ё 3000 ҷойи нишаст сохта шавад, ҳам харҷи маъракаҳо пӯшонда мешавад, ҳам чорабиниҳои калонро бо дили пур гузаронем. Борҳо бинобар номусоидии ҳаво барномаҳои консертии мо дар варзишгоҳҳо бо мушкил дучор шудааст."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хишти аввали биноҳоро дар Хуҷанд Президент гузошт. Аммо кӣ ин биноҳоро месозад?

Моҳи сентябри соли 2016 ба ҷойи боғи "Хуррамшаҳр"-и Донишгоҳи Хуҷанд хишти аввали бинои асосии ин муассиса барои 5 ҳазор донишҷӯ аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти вилоят Абдураҳмон Қодирӣ гузошта шуд.

Он замон сомонаи президент навишта буд, ки "дар асоси лоиҳаи тарҳрезишуда масоҳати бино як гектарро ташкил дода муҳлати сохтмони он аз 3 то 5 сол ро дар бар мегирад." Вале бо гузашти ин солҳо сохтмон ҳатто шуруъ нашудааст.

Истгоҳи Кохи Фарҳанг ҳаст, вале бинои он нест

Ҷамшед Ҷӯразода, раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, мегӯяд, "албатта, сохтмони бинои муассиса фурсат ва имкони муайянро тақозо дорад. Имрӯз дар ин маврид аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд ва бо дастури раиси вилоят корҳо идома доранд. Бовар дорем, бино бунёд карда хоҳад шуд."

Раҳбарони сохтмону меъмории ҳукумати вилоят кай бунёд шудани ин биноҳоро намедонанд ва мушкилро ба набудани пул бастагӣ медиҳанд.

Анвар Мирзозода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд, гуфт, "дар масъалаи сохтмони бинои донишгоҳ маълумоти пурра надорам, зеро бояд аз ҷониби буҷаи ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илм маблағгузорӣ гардад. Дар масъалаи сохтмони Қасри Фарҳанг зиёда аз 200 миллион сомонӣ бояд маблағ ҷудо мегардид. Ҳатто андоз аз маҳсулоти воридшавандаро сабук карданд, аммо маблағ пайдо нашуд."

Анвар Мирзозода

Вай айни замон гуфт, дусад миллион сомонӣ бо нарху навои чанд сол пеш мувофиқ буд, ҳоло арзиши маҳсулоти сохтмонӣ афзудааст ва мумкин аст ин миқдор пул кофӣ набошад.

"Шояд давра ба давра сохтмонаш иҷро шавад, вале барои имсол ё солҳои баъд аз ҷашни 30-солагии истиқлол иҷро шуданаш маблағ ҷудо нашудааст", -- хулоса кард Мирзозода.

Дар ҳамин ҳол, иддае бовар доранд, ки мақомот ҳангоми сафари раиси ҷумҳурӣ ё ҳангоми ҷашнҳо эҳтимол бидуни дар назар гирифтани тавоноӣ тарҳҳои бузургро пешниҳод мекунанд ва сипас дар ҳалли муодилааш дармемонанд.

Рӯйи коғаз мондани тарҳҳои бузург дар ҳоле руй медиҳад, ки дар тамоми кишвар бахшида ба 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон биноҳои навро боз мекунанд.

Дар вилояти Суғд ба ин муносибат аз соли 2019 то ҳоло беш аз ҳафтуним ҳазор иншооти хурду бузург сохта, ба иттилои мақомот, нақша 95 дарсад иҷро шудааст. Панҷ дарсади боқимонда низ бояд ба зудӣ иҷро гардад, аммо дар он рӯйхат Кохи Фарҳанг ва бинои асосии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ҷой надоранд. Ҷашн бе онҳо хоҳад гузашт.