Оҷонсии рушди ИМА (USAID) барои кӯдакони мактаб-интернати нобиноёни Тоҷикистон дар Ҳисор 464 китобе тақдим кард, ки бо ҳуруфи Брайл чоп шудаанд. Маросими тақдими адабиёти кӯдакона рӯзи 19-уми август бо ширкати Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм, иҷрокунандаи вазифаи Директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Рэнди Колстад ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода баргузор шуд. Дар иттилоияи сафорати ИМА дар Душанбе гуфта мешавад, ки 500 китоби иловагӣ қарор то оғози соли хониши имсола дар моҳи сентябр ба мактабҳои махсуси кӯдакони дорои нуқсони биноӣ дар Ваҳдат ва Душанбе ҳам фиристода шаванд.
Вазири маорифи Тоҷикистон дар ин маросим ба саҳми USAID дар таҳкими соҳаи маориф баҳои баланд дода, гуфтааст, ки ин ёриҳо барои кӯдакон, бахусус кӯдакони осебпазир, хеле муҳим аст.
USAID як ҳамкори фаъоли соҳаи маорифи Тоҷикистон буда, аз соли 2018 то имрӯз 1,3 миллион китобро ба се ҳазор муассисаи таълимии ин кишвар тақдим кардааст.
Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 15 ҳазор шахси нобино зиндагӣ доранд, ки даҳ ҳазор нафари онҳо ҳамчун узви Ҷамъияти нобиноён сабти ном шудаанд. Ҷавонон ва мактабхонҳои нобино ба адабиёти таълимӣ ниёзи шадид доштаанд.
Донишманди фаронсавии асри 19 Луи Брайл муаллифи аввалин алифбо барои нобиноён аст, ки то имрӯз бар асоси он барои ин қишр дар саросари ҷаҳон китоб таҳия мешавад. Дар бораи хонандаҳои адабиёти Брайл дар Тоҷикистон аз ин гузориш бифаҳмед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад