Пас аз се рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон аз кишвараш, маҳалли ҳозираи будубоши ӯро эълон карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 18-уми август гуфт, президенти Афғонистон ҳамроҳ бо хонаводааш "ба далоили башардӯстона" дар ин кишвар қарор дорад. Бар асоси хабарномаи вазорат, ба ҳамин далел, аз Ашраф Ғанӣ ва хонаводааш истиқбол шудааст.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни "Толибон" дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.
Дар оғоз гуфта мешуд, ҳавопаймои ӯ ба Тоҷикистон омада, баъд аз як исти кӯтоҳ ба кишвар севум, эҳтимол ба Умон, рафтааст. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 16-уми август бо нашри изҳорот гуфт, ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ вориди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон нашуда, дар хоки ин кишвар фуруд наомадааст.
Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешуд, "тарафи Тоҷикистон дар ин робита аз ҷониби Афғонистон ҳеч гуна дархост дарёфт накарда буд."
Ашраф Ғаниро барори гурехтан ва раҳо кардани мардуму кишвараш дар вазъияти мушкил танқид мекунанд. Худи ӯ дар паёме дар Фейсбук гуфтааст, "бо интихоби сахте рӯбарӯ шудам: меистодам, бо "Толибон"-и мусаллаҳ, ки қасди дохил шудан ба Аргро доштанд, муқобил мешудам ё аз ватани азизам, ки 20 сол зиндагиамро сарфи ҳифозату тараққии он карда будам, биравам."
Вай дар ин паём афзудааст, агар дар Афғонистон мемонд, шумори зиёди мардум кушта ва шаҳри Кобул бо барбодӣ ва вайронӣ рӯбарӯ мешуд, ки "пайомадаш фоҷеаи бузурги башарӣ мебуд".
Ба назар мерасад, изҳороти Ашраф Ғанӣ мардумро қонеъ накардааст. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Муҳаммад Заҳири Ағбар, рӯзи 18-уми август дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро "хиёнат ба давлату миллат" номид ва иддао кард, ки "169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст". Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.
Дар ҳамин рӯз дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ба ҷойи акси Ашраф Ғанӣ сурати Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввалашро гузоштанд, ки ба гуфтаи худаш дар Афғонистон аст ва бар асоси қонун иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурӣ мебошад.