Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон дар Эрон, бо пуштибонӣ аз гурӯҳи Толибон "пирӯзӣ"-и онҳоро дар Афғонистон "қобили табрику таҳният" донистааст.
Ӯ дар паёми худ гуфтааст, "Толибони имрӯз Толибони бист сол пеш нестанд. Онҳо таҷриба касб кардаанд ва тағйироте дар дидгоҳҳояшон ба вуҷуд омадааст."
"Агар заъфҳое (дар Толибон) вуҷуд дошта бошад, қобили ислоҳ ҳастанд. Шинохти мо нисбат ба Толибон аз бисёре аз мардуми дунё бештар аст, чун ҳамсоя ҳастем ва онҳоро беҳтар мешиносем. Бино бар ин, бовар дорем, бояд ба Толибон фурсат дод...", -- омадааст дар баёнияи Мавлавӣ Абдулҳамид.
Ҷангҷӯёни "Толибон" рӯзи якшанбе, 15-уми август, дар пайи фирори Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон аз кишвар, Кобулро бе муқовимат дар ихтиёр гирифтанд. Ин гурӯҳ дар пайи берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, тақрибан дар тӯли як ҳафта тавонист, кулли манотиқи монда дар дасти давлатро тасарруф кунад. Феълан вилояти Панҷшер аз назорати оонҳо берун аст.
Имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон дар ин ҳол ба Толибон тавсия додааст, ки "барои ташкили давлати фарогир иқдом намоянд."
Пеш аз ин Оятуллоҳ Асадуллоҳ Баёти Занҷонӣ, марҷаи тақлиди шиа, мубориза бо Толибонро як "таклиф" номида буд.
Гурӯҳи "Толибон", ки аз соли 1996 то 2001 қудратро дар Афғонистон ба даст дошт, бо шумори зиёди қатлҳо, сангсору тозиёна задан ба шаҳрвандон, ба вижа занон, дар хотираҳо сабт шудааст. Ҳоло намояндагонаш таъмини шароити хубу озодиҳоро ваъда додаанд, ҳарчанд нобоварӣ боқист.