Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, аз “дастовардҳои” 20 соли гузашта даст намекашад ва “машваратҳо” идома доранд. Президенти Афғонистон рӯзи 14-ми август ин нуктаро дар як изҳороти мухтасари телевизиониш баён кард, ки аввалин бор баъди вусъатёбии таҳоҷумҳои ишғолгаронаи Толибон дар саросари Афғонистон нашр шуд.
Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, Ашраф Ғанӣ гуфт, ки машваратҳои ӯ оид ба вазъи кунунии кишвар бо раҳбарони маҳалливу байналмилалӣ идома дорад. Ғанӣ гуфтааст: “Ба ҳайси президенти шумо, тамаркузи ман ба афзоиши бесуботиҳо, хушунат ва мардуми беҷошудаам равона шудааст”.
Толибон то ҳол аксар қаламравҳо дар шимол, ғарб ва ҷануби Афғонистонро ишғол карда, дар ҷануб даргириҳо бо нирӯҳои ҳукуматӣ идома дорад. мебошанд. Аксари сафоратҳои хориҷӣ дар фикри амнияти кормандонашон ходимони мулкиро аз кишвар берун мебаранд ва бархе намояндагиҳои дипломатӣ баста мешаванд.
ИМА нақша дорад, ки то 31-уми август охирин нирӯҳояшро аз Афғонистон берун кашад ва дар ин росто ояндаи ҳукумати рӯ ба ғарби Ғанӣ суолҳои зиёде эҷод кардааст.