Эрон аз Толибон тақозо кард, ки амнияти дипломатҳову кормандонашро дар консулгарии воқеъ дар шаҳри ғарбии Ҳирот таъмин кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки сафоратҳои Ғарб ва созмонҳои имдодрасон кормандонашонро аз хоки Афғонистон берун мебаранд. Аз ҷониби Толибон дар чанд рӯзи гузашта ишғол шудани Қандаҳору Ҳирот ва чанд шаҳри калони дигари кишвар боиси нигаронӣ аз суқути ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул шудааст.
Толибон дар изҳороте гуфтанд, ки “дипломатҳову кормандони сафоратҳо, консулгариҳо ва сохторҳои ғарбиву маҳаллӣ дар баробари Аморати Исломӣ амн хоҳанд буд ва ҳам бо фазои амнияту эътимод таъмин хоҳанд шуд”. Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки барои берун бурдани кормандони мулкии худ аз Афғонистон 3 ҳазор нирӯи иловагии низомӣ ба Кобул меравад. Бритониё шумори сарбозони иловагии кӯмакрасонро ба 600 нафар расонид.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Дания гуфт, ки муваққатан баста мешавад. вазири хориҷаи Норвегия Ине Сорейде гуфт, ки сафорати ин кишвар дар Кобул баста в дипломатҳо, кормандони маҳаллӣ ва ҳам наздикони онҳо берун бурда мешаванд.
Ҳейко Маас, вазири хориҷаи Олмон гуфт, ки Берилн шумори кормандони сафоратро то “шумори ҳадди аққали зарурӣ” поин меорад ва барои боло бурдани амнияти ҳайати дипломатӣ “як тими ёрирасон дар ҳолати изтирорӣ” ба Кобул меравад.