Бемористонҳо ҳафт аёлати Амрико аз гирифторони шакли сангини коронавирус пур шудаанд ва дар Русия як рӯзи рекордии нави олудашавӣ ба қайд гирифта шуд. Дар кишвари Бразилия омори фавт бар асари коронавирус дар як рӯз ба ҳазор нафар наздик шудааст.
Рӯзи 13-уми август баъди он ки вазъи бемористонҳои аёлати Алабама бо сабаби афзоиши беморони шакли сангини коронавирус фавқулодда мушкил арзёбӣ шуд, мақомот дар ин аёлат ҳолати изтирорӣ ҷорӣ карданд. Дар аёлати соҳилии Орегон ҳам мақомот 1500 узви горди миллиро барои кӯмак ба беморхонаҳову кормандони тиббӣ сафарбар намуданд.
Дар Русия шумори фавтидаҳои якрӯза бар асари коронавирус 815 нафарро ташкил дод. Мақомот гуфтанд, ки дар саросари кишвар дар 24 соати гузашта 22,777 ҳолати гирифтории нав ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол Бразилия гуфт, ки дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 966 нафар бар асари COVID-19 ҷон дод ва наздики 34 ҳазор нафар тоза ба ин беморӣ гирифтор шуд. Бразилияву Русия кишварҳои дуюм ва сеюм дар ҷаҳон мебошанд, ки баландтарин нишондоди марг бар асари коронавирусро дар 28 рӯзи ахир сабт мекунанд. Дар Бразилия давоми чор ҳафтаи гузашта 30 ҳазор ва дар Русия беш аз 21 ҳазор нафар бар асари коронавирус ҷон додаанд. Дар ҷои якум бо 43 ҳазор марг дар 28 рӯзи гузашта Индонезия қарор дорад.