Дар нимҷазираи Камчаткаи Русия дар минтақаи Шарқи Дур дар паи афтодани як чархбол рӯзи 12-уми август, ба иттилои матбуот, нӯҳ нафар зинда пайдо шуданд ва ҷустуҷӯи ҳафт нафари дигар идома дорад. Ҳодиса тахминан соатҳои 10-и субҳи панҷшанбе дар мамнӯъгоҳи Кронотский рух дод. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия гуфт, ки 13 нафари онҳо мусофирон ва се нафарашон халабонҳо буданд. Аз миёни нӯҳ нафари зинда пайдошуда ду нафар халабон ва ҳафт нафар мусофирон мебошанд. Ба иттилои вазорат, чархболи навъи Mi-8 ба кӯли Курил афтодааст, ҷустуҷӯи дигар нафарон идома дорад. Дар амалиёти наҷот даҳҳо нафар аз вазорату беморхонаи маҳаллӣ иштирок мекунанд. Нимҷазираи Камчатка дар 6 ҳазоркилометрии шарқи Маскав ҷойгир буда, як макони бисёр маъруфи туристӣ ба шумор меравад.