Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ гуфт, ҳарҷу марҷ дар Афғонистон хавфи сарозер шудани паноҳҷӯёни зиёдро ба Тоҷикистон бештар кардааст.
Станислав Зас рӯзи 9-уми август дар Арманистон ба ин мавзуъ рӯй овард.
Вай гуфт, "пас аз берун рафтани нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз Афғонистон вазъият дар ин кишвар ба таври назаррас бад шуда, торафт хаос ё беназмии комил ҳукмфармо мешавад."
"Ин ҳолат, мумкин аст, хатари ба Тоҷикистон омадани паноҳҷӯёни зиёд ва вуруди созмонҳои байналмилалии террористиро ба вуҷуд биорад", -- афзуд дабири кулли СПАД.
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ки Тоҷикистону Русия, Қирғизистону Қазоқистон, Арманистон ва Беларус узви он ҳастанд, як идораи зери нуфузи Кремлин аст.
Аз он пеш, 6-уми август, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал гуфта буд, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз эҳтимоли ба қаламрави онҳо даромадани ҷангҷӯёни афғон зери пӯшиши гуреза ва паноҳанда нигаронанд.
Тайи ҳафтаҳои охир садҳо сарбозу паноҳҷӯёни мулкии афғон аз Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд. Мақомот гуфтанд, сарбозону баъзе аз паноҳҷӯёни мулкиро ба Афғонистон баргардонданд. Қисми дигарро дар минтақаҳои марзӣ нигоҳ медоранд.
Айни замон дар чанд вилояти ҳаммарз бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Афғонистон ҷангҳои шадид идома дошта, бахши умдае аз марз зери назорати Толибон гузаштааст. Намояндагони ин гуруҳи ҷангҷӯ чанд дафъа гуфтаанд, ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ворид намешаванд, аммо нигарониҳо боқист.
Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳам гуфтааст, вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат пайгирӣ доранд. Пештар фармондеҳи ситоди муштараки созмон гуфта буд, ки Тоҷикистон ба кумаки фаннӣ дар марз эҳтиёҷ дорад, аммо зарурате ба ҷалби нерӯҳои дастҷамъии созмон нест.
Русия, ки дар як пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон то 7 ҳазор афсарро мустақар намудааст, мегӯяд, ҳозир аст, дар ҳоли ноором шудани вазъият дар марзи Афғонистон аз нерӯҳояш кор гирад.