Дар як ҳафтаи ахир нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар шимоли кишвар 13-15 фоиз афзуда, илова бар ин, камчин шудааст. Нархи як литр гази моеъ назар ба як ҳафтаи қаблӣ то як сомонӣ гарон шуда, арзишаш аз 6 сомонӣ то ба марзи 7 сомонӣ (надики 0,62 доллар) наздик гардид. Болоравии қимати сӯзишворӣ дар минтақаи ҷанубӣ Тоҷикистон ҳам эҳсос мешавад.
МАҚОМОТ ЧӢ МЕГӮЯНД?
Мақомот сабаби якбора болоравии нархи сӯзишвориро ба гарон шудани нарх дар бозори ҷаҳонӣ рабт доданд. Ҳабиб Абдуллозода, сардори Раёсати танзими инҳисороти табиӣ дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 6-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи иттилои агентии "Аргус", нархи як тонна гази моеъ агар дар оғози сол 383 доллар буд, пас дар санаи 4-уми август нарх ба 630 доллар расидааст.
"Фақат дар як ҳафтаи ахир аз 28 июл то 4-уми август нархи як тонна гази моеъ 120 доллар ё 24 дарсад қимат шудааст. Солҳои гузашта фарқият аз як ҳафта ба ҳафтаи дигар 5-10 ва баланди баланд 20 доллар фарқ мекард. Ҳоло дар як ҳафта нархи гази моеъ 120 доллар фарқ мекунад, ки дар солҳои ахир нишондиҳандаи баландтарин аст",- афзуд Ҳабиб Абдуллозода.
Сабаби дигари болоравӣ ва камчин шудани гази моеъ дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ин масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ, коҳиши воридоти гази моеъ аз Қазоқистон аст. Тибқи маълумоти расмӣ, солҳои гузашта Тоҷикистон 93 дарсади гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекард, вале ҳоло корхонаҳои асосии коркарди газ дар ин кишвар дар таъмир ҳастанд ва аз Қазоқистон ба Тоҷикистон миқдори ками ин намуд сӯзишворӣ ворид мешавад. Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, ҳоло гази моеъ ба миқдори кам аз Узбекистон, Қазоқистон ва Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад.
ВАЗЪ ТО КАЙ ДАВОМ МЕКУНАД?
Ҳабиб Абдуллозода, масъули хадамот гуфт, ҳатто ширкати "Газпром-Тоҷикистон" наметавонад ба кишвар гази моеъ ворид кунад. Дар посух ба суоли он, ки чунин вазъ то кай давом мекунад, масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ посухи рӯшан надоранд. Онҳо танҳо мегӯянд, корро барои пешгирӣ аз афзоиши "беасоси нархи сӯзишворӣ" пеш мебаранд, ҳарчанд мегӯянд, "ягон ҳолати беасос боло бурдани нархро дар рӯзҳои ахир сабт накардаанд".
Сардори Раёсати танзими инҳисороти табии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамчунин гуфт, сабаби якбора боло рафтани нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) ҳам ба мисли гази моеъ аст. Ҳабиб Абдуллозода афзуд, бензини навъи АИ-92, ки дар Тоҷикистон серистифода аст, агар дар моҳи январ як тоннааш 300 доллар буд, пас ба санаи 4 август он 680 доллар шудааст.
"Яъне 62 дарсад баланд шудааст. Фақат дар як ҳафтаи ахир нархи як тонна бензини АИ-92 қариб 40 доллар баланд шуд. Нархи нафт ҳам дар бозори ҷаҳонӣ агар дар моҳи январ 51 доллар буд, ҳоло 75 доллар аст",-гуфт сардори Раёсати танзими инҳисороти табии Хадамоти зиддинҳисорӣ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Болоравии қимати маводи сӯхт яке аз масоили ҷиддӣ барои Русия ҳам шудааст, ки содиркунандаи муҳими маводи сӯхт ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Иқтисодшиносон мегӯянд, болоравии қимати маводи сӯхт дар ин кишвар аз декабри порсол то аввали августи имсол 30 дарсад ва дар ҳафтаҳои ахир 15 дарсадро ташкил додааст. Як далелашро шореҳони рус дар боло будани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ мекунанд, ки 70-75 доллар барои як бушка боқӣ мемонад.
Хабаргузории "Азия-Плюс" менависад, ҳудуди 90 дарсади маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия ва боқимонда аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистону дигар кишварҳо оварда мешавад ва талаботи солонаи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ ҳудудан 600 ҳазор тонна мебошад.
САБАБ -- ҚИРҒИЗИСТОН?
Бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, як иллати дигари болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто камчин шудани он, ба баста будани роҳи Қирғизистон рабт дорад. Баъди муноқишаи хунини марзӣ дар охири моҳи апрели имсол, ки бо марги даҳҳо нафар аз Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷомиду боиси сард шудани равобити ду ҳамсоя гардид, Бишкек моҳи май марзашро ба рӯи Тоҷикистон бастааст. Молики як ширкати фурӯши сӯзишворӣ дар вилояти Суғд бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, солҳои гузашта як бахши калони маводи сӯхт аз тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон меомад.
"Роҳи Қирғизистон наздик буд ва хароҷоташ ҳам камтар буд. Чӣ ҷойи пинҳон, сӯзишворӣ тариқи қочоқ ҳам зиёд ворид мешуд ва ба ин хотир, нархро то ҷое муътадил нигоҳ медошт. Ҳозир, масалан дар Қазоқистон, мо сӯзишвориро аз дасти 4-5-ум мегирем. Ҳамаи ин миёнаравон ба болои нарх, ҳаққи худро мемонанд, ки дар ниҳоят сӯзишворӣ бо нархи баланд ба Тоҷикистон мерасад",-афзуд ин соҳибкор, ки беш аз даҳ сол боз дар бозор кор мекунад.
Дар мавқеи расмии мақомот ин омил рад мешавад. Аз ҷумла, масъулони Раёсати гумрук дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотии ахир гуфтанд, марзбандии ҷониби Қирғизистон таъсиргузор буда наметавонад, зеро дар гузашта ҳам мизони гардиши мол бо ин ҷумҳурӣ дар муқоиса бо кишварҳои дигар "чандон назаррас набуд". Вале ҳаҷми қочоқ ба маротиб коҳиш ёфт.
Вале коршиноси масоили иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, барои дарки дурусти афзоиши нархи маҳсулоти нафтӣ, бояд ба чанд омил назар кард:
"Сабаби аввал вобаста аст ба нархи фурӯши истеҳсолкунандагон, чунки талабот зиёд шудааст. Дуюм ба қурби пул вобаста аст, онҳо бо рублу доллар мехаранд ва инҷо бо сомонӣ мефурӯшанд. Баъд як сабаби дигараш, ки хеле таъсири калон дорад, қочоқ аз Қирғизистон буд. Қариб 30 дарсади маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон бо роҳи қочоқ ворид мешуд”.
Ширкатҳои "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка, мегирад. Ба иттилои расмӣ, соли 2020 ба кишвар 234 ҳазор тонна бензин ва 298 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ овардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Нархи сӯзишворӣ дар Суғд боз афзуд. Тоҷирон чизе намегӯянд, ронандаҳо нигаронанд. ВИДЕОАфзоиши бесобиқаи нархи бензин дар ТоҷикистонНархи бензинро дар Қазоқистон кӣ боло бурд? ВИДЕОНархи газ дар Суғд то 10% баланд шуд. Сокинон аз "сироят"-и он ба гӯшаҳои дигар нигаронанд. ВИДЕОЭмомалӣ Раҳмон: "Нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 13 дарсад афзуд"Ҳукумат ба Оҷонсӣ имтиёз дод, моликони 17 ширкат норозиянд