Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи бензинро дар Қазоқистон кӣ боло бурд? ВИДЕО


Як нуктаи фурӯши сӯзишваорӣ дар Қазоқистон
Як нуктаи фурӯши сӯзишваорӣ дар Қазоқистон

Баланд шудани нархи сӯзишворӣ дар Қазоқистон ба як воқеаи ҳамарӯза табдил ёфтааст.

Соли ҷорӣ якбора 13 дарсад афзудани нархи бензини серхаридори навъи "АИ-92" дар моҳи март ба қайд гирифта шуд. Ҷаҳиши нарх боис шуд, ки мақомоти зиддинҳисорӣ сабаби онро санҷанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Бензин дар Қазоқистон қимат шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Куат Асамбеков, корманди Оҷонсии зиддиинҳисории Қазоқистон мегӯяд, "баъзе мавридҳое ошкор шуд, ки ширкатҳои бузурги ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин нуқтаҳои минтақаии фурӯши маводи сӯхт бо маслиҳат нархро баланд бурдаанд."

Худи нозирон инро "афзоиши дермондаи нархҳо" номиданд. Бо ибораи дигар, болоравии нархи сӯзишворӣ гӯё асоснок аст ва ин ҳама вақт мунтазири фурсати муносиб буд. Ягона қонуншиканӣ дар он аст, ки бозигарони бозор нархҳоро ҳамзамон ва бо маслиҳати пешакӣ иваз карданд

Сокинон ба болоравии нархҳо дар Қазоқистон чунин назар доранд:

  • "Ҳеҷ хубие дида намешавад. Ҳар сол мегӯянд, ки пеши қиматшавиро мегиранд, вале нархҳо ҳамоно беист боло мераванд.”
  • "Ҳоло бештар аз ҳама нархи бензин баланд мешавад. Мо кушиш мекунем, ки аз мошинҳои шахсӣ камтар истифода бурда, аксаран бо автобус ва ё пиёда биравем. Алабатта, мо сарфаҷӯӣ мекунем.”
  • "Нархҳо тақрибан 20-30 фоиз баланд шудаанд. Ман доим сари чанбари мошин ҳастам, бинобар ин кӯшиш мекунам, марказҳои фурӯши арзонтари маводи сӯхтро пайдо намоям. Аммо нархҳо дар ҳама ҷо баланд мешаванд."

Марат Каирленов, раҳбари як ширкати машваратӣ мегӯяд, воқеан ҳам афзоиши нарх бо сабабҳои объективӣ сурат мегирад ва ин ба тағйири вазъ дар бозори ҷаҳонӣ бастагӣ дорад, вале ин масъала паҳлуи дигар ҳам дорад. Гарон шудани бензин дар Қазоқистон ба таври ногузир ба афзоиши таваррум боис мегардад. Ба маълумоти расмӣ, сокинони Қазоқистон беш аз нисфи даромади худро барои хӯрок сарф мекунанд

“Агар ҳоло мо бензинро бо баҳонаҳои баҳсбарангез гарон кунем, ин бо бензин хомӯш кардани оташро мемонад. Зеро бе ин ҳам сатҳи таваррум баланд аст ва агар боз қимати бензин илова шавад, пайомади ногувор хоҳад дошт,"--гуфт раҳбари ширкати машваратӣ.

Афзоиши нархҳо дар пасманзари коҳиши даромади сокинони Қазоқистон, бомби соатиро мемонад. Дар шароите, ки мардум имкони таъмини рӯзгорро надоранд, хатари сар задани эътирозҳои иқтисодӣ бештар мешавад. Бо назардошти шиддати иҷтимоӣ дар ҷомеаи Қазоқистон ин гуна эътирозҳо метавонанд ба бетартибиҳои хиёбонӣ боис гарданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG